Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар мегӯяд, аз 85 нафар корманди хадамот ҳудуди 35 нафараш ихтисор шуданд.
Дар робита ба ин масъала Шокир Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, ки одатан агар кори сохтори марбутаи давлатӣ самаранок набошад ва ба талаботи замони муосир мувофиқат накунад, бо баҳонаи дигаргуниҳои сохторӣ ё ислоҳоти соҳа кормандони онро ихтисор мекунанд.
Ӯ мегӯяд, “дар баъзе мавридҳо мушкилоти иқтисодӣ ва истифодаи технологияи муосирро низ ба инобат мегиранд. Аммо дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки шумораи вазорату идораҳои давлатиро кам мекунанд, бино ва кормандони онҳоро кӯшиш менамоянд, ки нигоҳ доранд. Дар натиҷа, тарз ва усули идораи соҳаи марбута ба мисли пештара боқӣ мемонад ва мардум аз ин гуна тағйирот ягон беҳбудиро эҳсос намекунад. Ба андешаи ман, ба ин ниҳод таваҷҷуҳ надоштани муҳоҷирон низ дар он аст, ки ёрию мусоидати Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукуматро дар ҳалли мушкилоташон мушоҳида накардаанд. Агар ин ва дигар макомоти давлатӣ ҷиддӣ ва тадриҷан бо ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон машғул мешуданд, муносибат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Русия тағйир меёфт”.
Ва Абдуманнон Шералиев, як фарди огоҳи тоҷик, узви ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, «ҳеҷ интизорие аз ин ниҳод надоштам ва ҳеҷ як фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандиро намешиносам, ки интизорие аз ин хадамот дошта бошад».
Ба гуфтаи Абдуманнон Шералиев, ҳар касе аз ин ниҳод интизорие доштааст, хато кардааст. “Кадом хадамот ё вазорат то имрӯз интизории мардумро бароварда сохта буд, ки инаш месохт? Агар даҳ хадамоти дигар, ки вобаста ба муҳоҷирин сохта шавад ҳам, чизе тағйир нахохад ёфт. Мушкил дар будан ё набудани хадамот ё вазорат нест, мушкил дар кадрҳост. Бубинед, дар ҳар як шаҳри Русия даҳҳо нафари ватандӯсту миллатдӯсту таҳсилдидае ҳастанд, ки бе ҳеҷ вазорату моҳонае дар хидмати муҳоҷиронанд. Чаро онҳо ба ин хадамот ҷалб нашуданд? Кӣ мушкили муҳоҷиратро беҳтар аз онҳо медонад? Муҳоҷирон ба онҳо бовар доранд, муроҷиъат мекунанд ва кӯмак мегиранд. Фаразан як нафар ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиъат кард, ба ӯ хадамот чӣ кӯмаке карда метавонад? Ҳамон кӯмакеро, ки сафорату консулгарӣ дорад, мекунад?», афзуд А. Шералиев.
Ӯ мегӯяд, «як дӯстам нақл кард, ки дар яке аз ҳамсоякишварҳо ба дасти пулис афтодааст ва пулис аз ӯ 500 доллар талаб кардааст. Ӯ бошад, гуфтааст, «ман ҳуқуқҳоямро медонам, ба сафорат занг мезанам». Пулис хандидаасту аз телефони худаш рақами сафоратро гирифтааст. Вақте ба масъули сафорат аз мушкилаш ҳарф задааст, он масъул ба сараш дод задааст, ки “мемурӣ, ҳамон суми гуфтаашро пардохт куниву халос шавӣ?!”.
Аъзамшоҳ Қӯқашоҳ, коршиноси умури муҳоҷират бар ин аст, ки барои беҳтар намудани шароити муҳоҷирини тоҷик бо пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ Хадамоти муҳоҷират таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи ин коршинос, хадамот то ҷое фаъолиятҳое барои пешбурди кори муҳоҷирон дошт, агарчи муҳоҷирин то ҳанӯз гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд.
“Тоҷикистон, ки беш аз ду миллион муҳоҷири корӣ дар хориҷ аз кишвар дорад ва саффи муҳоҷирини кории дохилӣ низ рӯз то рӯз бештар мешавад. Фикр мекунам, дар вазъи кунунии Тоҷикистон як ниҳоди кӯчак наметавонад мушкилии муҳоҷирини моро бароварда созад. Борҳо масъулини Хадамоти муҳоҷират яке аз сабабҳои умдаи камфаолиятии ХМ-ро таври мисол дар Русия дар нарасидани кормандон арзёбӣ мекарданд, ки наметавонанд дар тамоми шаҳрҳои бузурги он кишвар намояндагии худро дошта бошанд, то ба мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик расидагӣ намоянд. Имрӯз кишвари Тоҷикистон ниёз ба як сохтори бузуртару ҷиддитаре барои муҳоҷирин ниёз дорад”, афзуд А. Қӯқаншоҳ.
Ба гуфтаи ӯ, ба касе имрӯз пӯшида нест, ки муҳоҷирини тоҷик дар як сол беш аз 4 миллиард доллар ба Ватан ирсол менамоянд. Яъне ин бахше аст, ки буҷаи кишвар аз он ғанӣ гардида, нигаҳдорандаи қурби пули миллӣ ва иқтисоди кишвар аст. “Сари ин бахш масъулини баландпояи мо ҷиддан бояд кор кунанд. Хадамоти муҳоҷират то ҷое корҳоеро анҷом дод, агарчӣ қатрае аз баҳр бошад ҳам. Зиндагӣ худ нишон хоҳад дод, ки чи тавоне ин ниҳоди нави муҳоҷират дорад, аммо ба назари ман, бо ихтисори коргарони он ва тобеъ намудани он ба як вазорат боз муҳоҷири тоҷик рӯ ба раҳми Худо хоҳад монд», хулоса кард А. Қӯқашоҳ
Categories
МУҲОҶИРАТ