Categories Мавқеъ

Кабирӣ: Миллатҳо Русияро шарики рушд медонанд, вале…

Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20 -. Уми март дар Донишгоҳи Федеролии Қазон дар мавзӯъи «Равандҳои сиёсии минтақаи АруОсиё, дурнамои ҳамкориҳои Русия БО кишварҳои Осиёи Марказӣ ВА нақши исломи муътадил Дар ҳифзи суботи минтақа суханронӣ намудааст
Тавре хабарнигори МО Аз Қазон иттилоъ медиҳад, ишон зимни суханронӣ вазъи минтақаи АвруОсиёро печида арзёбӣ карда, вуҷуди низомҳои худкома, камбуди озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати абарқудратҳоро барои нуфузи бештар, инчунин назорати захираҳои энергетикиву иқтисодии кишварҳои ин маҳдударо омили аслии буҳронҳо донист.
“Кишварҳои пасошуравӣ то ҳол натавонистаанд иқтисодиёти инсонмеҳварро ба роҳ монанд ва аксаран дар қабзаи низомҳои худкома қарор доранд. Ин ҳолат осебпазирии онҳоро дар муқобили буҳронҳо бештар гардонида, боиси вобастагиашон аз абарқудратҳо гаштааст.
«Бо вуҷуди сатҳи баланди коррупсия, бекорӣ, маҳдудиятҳои сиёсиву иқтисодӣ ва динӣ, инчунин интихоботҳои пуртақаллубу сохта, ки дар кишварҳои арабӣ боиси шуришҳои мардумӣ гаштанд, минтақаи мо шоҳиди оромиши нисбист. Ба хусус, дар Осиёи Марказӣ ин мушкилиҳо нисбат ба қисмати аврупоии минтақа ҳузури бештар доранд. Аммо, андешаҳои муътадили сиёсӣ ва мазҳабӣ, ки решаи онҳо аз фарҳанги таҳаммулу эътидоли мардуми мусалмони минтақа об мехӯранд, шиддати мухолафатҳои иҷтимоъиро поён бурдааст. Идомаи сиёсатҳои маҳдудкунанда ва даст назадани ҳукуматҳо ба ислоҳот метавонад суботи нисбиро ба ҳам бизанад. Беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ҳамагуна буҳронҳо шуруъи ислоҳот аз тарафи худи ҳукуматҳо ва ширкати неруҳои сиёсӣ дар ин раванд мебошад “, афзудааст ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, ба ҳайси сиёсатмадор ва сиёсатшинос дар бораи ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои минтақа сӯҳбат карда, аз ҷумла гуфтааст: Таҷрибаи Украина нишон дод, ки пуштибони аз мансабдорони фасодзада ва худкомаи минтақа обру ва ҷойгоҳи Русияро дар чашми миллатҳои минтақа то ҷое коҳиш медиҳад. Ҳануз ҳам миллатҳо Русияро шарики аслии худ дар рушду инкишофи кишварҳои худ ва суботи минтақа медонанд, вале ин интизориҳо бояд бо иқдомҳои мушаххас мустаҳкам гарданд. Шароит водор мекунад, ки Русия дар муносибатҳои худ бо кишварҳои минтақа бештар ба мардум ру биёрад ва равандҳои ислоҳотхоҳиро дар ин кишварҳо ҷонибдорӣ намояд.
Дар ҳамон рӯз, яъне 20-уми март раҳбари ҲНИТ бо муфтии Тотористон мулоқотеро низ анҷом дода, атрофи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо андешаи хешро изҳор додштааст, аз ҷумла дар мавриди вазъи муҳоҷирини тоҷик, нақши онхо дар рушди андешаҳои динии муътадил ва пешгирӣ аз ифротгароӣ.
Муфтии Тотористон аз фаъолиятҳои нашриётӣ ва расонаии идораи худ маълумот дода, ба раҳбари ҲНИТ Студияи радио ва Маркази нашру тарҷумаи тобеъ ба муфтиётро нишон додааст. . Инчунин, ӯро барои тамашои бозии Тими хоккейи муфтиёт Дар варзишгоҳи Қазон даъват намудааст
Дар Назар АСТ, ки М.Кабирӣ ҳамчунин дар Донишгоҳи исломии Тотористон суханронӣ намуда, 21 – уми март дар ҷашни наврӯзӣ ва мусобиқаи гуштини тоҷикони муқими ин ҷумҳурии мухтор ширкат намояд.

More From Author

You May Also Like