Categories Интихобот

Конфронси пеш аз интихоботӣ дар ноҳияи Фархор

Бахши
ҲНИТ дар ноҳияи Фархор конфронси
пеш аз интихоботии худроҷиҳатипешниҳод кардани номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи № 34-и ноҳияи Фархор баргузор намуд. Дар кори конфронс аз
29 нафар вакили даъватшуда 26 вакил
ширкат варзиданд.
Ба вакилони конфронс аз ҷониби раёсати бахши ҲНИТ-и номзадии раиси
бахш Зайниддин Юсупов матраҳ
гардид.

Баъд аз баҳсу баррасии масъалаи матраҳшуда, аксари вакилони конфронс, номзадии ишонро ҷонибдорӣ
намуда, аз комиссияи ҳавзавии интихоботии №34 хоҳиш намуданд, ки номи Зайниддин Юсупов ба ҳайси номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон
сабти ном гардад.

Тавре аз минтақа ба маркази иттилоотии ситоди интихоботӣ
хабар расид, конфронс дар клуби ҷамоат баргузор гардида, раиси ҷамоъат инчунин
раиси комиссияи ҳавзаи интихоботӣ дар
кори конфронс ширкат варзиданд.

More From Author

You May Also Like