Бахши Ҳизби Наҳзати Исломмии Точикистон дар ноҳияи Бохтар рузи 8-уми декабр конфронси ҳисоботӣ – интихоботии худро баргузор намуда гузориши фаъолияти раёсати бахшро мавриди муҳокимаи вакилон қарор дод . Дар кори кофронс беш аз 30 нафар вакилон ширкат варзиданд.
Раванди омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқуъ, қабули аъзо инчунин фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳия аз ҷумлаи нуктаҳои муҳимми ин нишаст ба шумор мерафт.
Раиси бахш Абдуҷалилов Абдулвосеъ дар ҳузури вакилон ва меҳмонон аз он изҳор намуд, ки бо вуҷуди мушкилиҳои пайдарпай, ки аз тарафи баъзе масъулини мақомот дар минтақа сурат гирифт, бахши ноҳиявии ҳизб фаъолияти худро дар асоси оиннома ва барнома анҷом дод. Яке аз мушкилоте, ки ахиран ба вуқуъ пайваст, ин гирифтани утоқи кории ҳизб аз ҷониби шуъбаи амволи ноҳия ба шумор мерафт. Вале бахши ноҳиявии ҳизб барои ҷудо намудани утоқи кории дигар ба унвони ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Бохтар мактуби расмӣ ирсол намуд ва умед аз он дорем, ки ин масъала ҳар чӣ зудтар ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Ҳамин тавр баъди баҳсу баррасиҳо конфронс раёсати навро таъйин кард ва ин ниҳоди ҳизбӣ пас аз баргузории ҷаласаи хеш, аъзои раёсати бахш Абдуҷалилов Абдулвосеъро ҳамчун номзад ба раиси бахши ҳизб ба раъй вакилон пешниҳод намуд ва номбурда раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар интихоб гардид. Муродов Абдулло раиси Комиссияи тафтишоти бахши ноҳиявии ҳизб интихоб гардид.
Раиси тозаинтихоб дар охир суханронӣ намуда, аз вакилон барои бовариашон изҳори сипос намуд ва таъкид бар он дошт, ки дар маъракаи интихоботии пеши рӯ бояд ҳама якҷоя бо тамоми қувва талош намоянд. Абдуҷалилов таъкид кард, ки мо ба интихобот ҳамчун як маъракаи муҳимм барои рушди арзишҳои иноснӣ ва демократӣ нигоҳ мекунем. Умедворем масъулин ҳам ба ин маърака ҳамчун оғози як фасли нав дар ҳаёти сиёсии кишвар нигоҳ кунанд.