Categories Ахбори рӯз

Коршиноси амрикоӣ: Москва ва Пекин Вашингтонро буғӣ мекунанд?

Бино ба гуфтаи
сиёсатмадори амрикоӣ Рон Пол, агар Русия ва Чин дар амалиёти байналмилалӣ аз
доллар даст кашанд, он гоҳ яқин аст, ки Амрикоро бӯҳрони амиқи иқтисодӣ доман
хоҳад гирифт.

Ба андешаи
таҳлилгарони умури иқтисодӣ, имрӯз Амрико бо он мушкилоте бархурд дорад, ки
Юнонро домангир аст. Ба андешаи Пол, хароҷоти бузурги иҷтимоӣ Амрикоро домангир
аст ва мушкилтар аз ҳама хароҷоти бузурги низомии Амрикост, ки агар бо чунин
усул идома ёбад, кишварро дар ҳолати муфлисӣ қарор хоҳад дод.

Ба андешаи таҳлилгар,
танҳо қисмати хурди буҷаи низомии ИМА барои дифоъ аз аҳолӣ аз хатарҳои беруна
равона карда шудааст, аммо миллиардҳо доллар сарфу харҷи сиёсати империявии
хориҷа қарор доранд.

Пол пешгӯӣ мекунад,
ки агар ҳар гуна хароҷоте, ки равонаи ҷангу хунрезист қатъ нагардад ва низоми
мустаҳками пулӣ дар кишвар барқарор нагардад, бӯҳрони юнонӣ ИМА-ро доман хоҳад
гирифт.

Ба назари
сиёсатмадор, маҳз мақоми асъори захиравии ҷаҳониро касб кардани доллар, сабаби
афтиши иқтисодиёти ИМА гаштааст. Ҳамзамон, асъори амрикоӣ имкону тавони
нигоҳдории муқаррароти ба он вобастакардашударо дар ихтиёр нахоҳад дошт.

Дар охир таҳлилгар
ҳушдор медиҳад, ки аллакай Русия ва Чин дар пайи дур шудан аз роҳандозии амалиёти
байналмилалии доллар шудаанд. Ба гуфтаи Пол, чунин рӯз барои иқтисодиёти Амрико
садамаи маргбор дар пасманзари Юнон аст.

More From Author

You May Also Like