Categories Uncategorized

Норозигии Файзинисо Воҳидова аз додгоҳ

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, дар як нишасти хабарӣ аз бархӯрди номуносиб бо ӯву нафари таҳти ҳимояташ норозигӣ кардаст.

“Имрӯз додгоҳ ба таҳқиқи далелҳои шайъӣ гузашт бояд як мобил аз назар гузаронида мешуд, ки гӯиё бо воситаи он маҳбусон ҷароҳатҳои ҷисмонии худро ба навор гирифта, минбаъд сабти он дар расонаҳои хабарӣ пахш шудааст. Мо бо иҷозати раисикунанда телефони мобилиро ба судшавандаҳо додем, то ки аз назар гузаронида, фикру назари худро баён намоянд. Ҳамзамон телефонро кормандони қисми ҳарбӣ кишида гирифтанд, яъне дар мурофиаи додгоҳӣ ҳатто афсарону сарбозони қатории қисми ҳарбӣ дахолат мекунанд. Баъд аз он, сардори маҳкамаи тафтишотии рақами 2-и Хуҷанд О. Саидолимов телефонро кашида гирифта, намонд, ки судшаванда онро аз назар гузаронда, фикрашро баён кунад.” – гуфтааст Воҳидова

Ҳамчунин ӯ гуфтааст, ки дигар дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок намекунад: “Бигзор, раисикунандаи мурофиа даҳҳову садҳо таъиноти хусусӣ қабул кунад, бигзор Коллегияи адвокатҳо масъалаи сабукдӯшии маро матраҳ кунад, лекин то он даме ки ҳуқуқи маро барқарор накунанд ба мурофиаи додгоҳӣ намеравам. ”

Файзинисо Воҳидова баъдан ба хабарнигорон навори видеоиеро додааст, ки дар он Садриддин Тошев дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд нақл кардаву изи бадрафторию шиканҷаро нишон медиҳад. Вай дар ин видео мегӯяд, гӯиё ин ҳама аз ҷониби маъмурони зиндони Хуҷанд, баъд аз интиқолашон аз зиндони рақами яки Душанбе ба шимоли Тоҷикистон сурат гирифтааст.  

More From Author

You May Also Like