Чанд сол аст, ки байни онҳо баҳси ҷорӣ шудан ё нашудани раводиди барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламравӣ Русияи идома дорад ва дар рӯзҳои ахир ин баҳс шиддат мегирад. Ва Каромат Шаривоф яке аз ҷонибдорони сарсахти ҷорӣ намудани раводид аст. Суоли матраҳ ин аст: “Оё ҷорӣ гардидани виза байни Тоҷикистон ва Русия ба манфиати миллат тоҷик аст ё ба зарараш?”. Дар ин робита, назар чанде аз коршиносонро гирифтем, ки пешкаши Шумо менамоем.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
“Агар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷорӣ гардидани раводид манфиат медиданд, Ҳукумати Тоҷикистон кайҳо ин масъаларо баррасӣ ва ҳаллу фасл мекард.
Вале фикр мекунам ки ҷорӣ гардидани раводид ба манфиати мардуми Тоҷикистон нест ва мушкилотҳои зиёдеро ба бор хоҳад овард.”
Шуҳрат Латипов, коршиноси мустақил:
“Ҷорӣ намудани раводид ба шаҳрвандони мо аз тарафи Русия ин як кори хуб мешуд, зеро дар он вақт масъалаи норасмӣ будани муҳоҷирон, ки Русия баҳри роҳандохтани назарҳои геополитикӣ истифода мебарад, аз байн мерафт.
Раводид ба шаҳрвандони мо ҳушёрӣ медиҳад, то расмӣ дар қаламрави Русия фаъолият баранд. Мувофиқи омори расмӣ аз мо зиёдтар 1 миллиону 200 ҳазор муҳоҷир ҳастанд ва муҳоҷирони ғайрирасмӣ бошанд то 300 ҳазорро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора қисмашон шаҳрвандии Русияро доранд. Қисми дигаре бошад то 18 сола, ки шумораи онҳо тақрибан 120 ҳазор нафаранд.
Дигар он ки раводид ба муҳоҷирони мо чӣ фоидаҳо мерасонад?
1. Билохира, ҳукумати Тоҷикистон ҷиддан дар бораи эҷоди ҷойҳои корӣ андеша мекунад, то ин ки пеши роҳи “инфиҷори иҷтимоӣ”-ро гирад.
2. Маълумоти махсуси техникӣ ба вуҷуд меояд ва муҳоҷирини меҳнатӣ, ки дар бозори кор лозиманд, омода мекунанд.
3. Муҳоҷирон забонро меомӯзанд ва дигар малакаҳоро аз худ мекунанд, то мувофиқ ба талаботи бозори меҳнатӣ бошанд.
4. Хадамоти муҳоҷират ҳам бо муҳоҷирон зиёдтар кор мекунад ва Тоҷикистон метавонад манофеи худро ҳимоя карда, аз фишорҳои Русия халос шавад.
5. Кордиҳандагони рус ба нерӯи арзони корӣ таваҷҷуҳ пайдо карда, худашон муҳоҷиронро даъват мекунанд ва муҳоҷирон метавонанд шартҳои худро гузоранд.
6. Мири шаҳри Маскав бошад дигар намегӯяд, ки муҳоҷирони тоҷикро бо муҳоҷирони украиниву белорусӣ иваз кунед.
7. Муҳоҷирони мо на аз ҷониби ҳукумат пуштибонӣ мешаванду на аз ҷониби дигар қонунҳои байналмилалӣ (Русия конвенсияи оид ба ҳуқуқи муҳоҷиронро қабул накарда аст).”
Маҳдӣ Собир, коршинос:
“Вақте муҳоҷирони мо бо раводид вориди Русия мешаванд, бехатарӣ, ҷои кор ва озодиҳои онхо таъмин мегардад, ки ин хуб аст.
Ҳамчунин ҳукумат метавонад раванди муҳоҷиратро зери назорат бигирад. Беҳтарин мутахассисон, ки дар бозори кор харидор доранд вориди Русия шаванд.
Обрӯ ва ҳайсияти миллати мо нигоҳ дошта шавад, аммо Русия бо мо он кишварҳое, ки вориди Иттиҳоди ЕвроАзия мешаванд ,раводид ҷорӣ намекунад, зеро Русия ба қувваи корӣ эҳтиёҷ дорад.
Ҳамчунин ҳоло кишварҳои арабӣ мехоҳанд, то ду миллион қувваи кории моро ба кор даъват кунанд, Русия намехоҳад, ки шаҳрвандони мо ба давлатҳои арабӣ раванду вобастагии мо аз Русия халос шавад. Русия маҳз тавасути муҳоҷирони меҳнатӣ тавонист бо фишор баъзе аз иншоотҳои стротегӣ ва пойгоҳи низомии худро ин ҷо ҷой кунонад.
Пас мақсади Русия ин ташкили Иттиҳоди ЕвроАзия мебошад, ки он ҷо байни аъзоёни ин иттиҳод раводиду сарҳад нест. Зина ба зина ворид мешавем: аввал, иттиҳоди гумрукӣ, дуюм фазои ягонаи иқтисодӣ, савум пули ягона, чорум артиши ягона ва панҷум паррламенти ягона. Танҳо кишварҳо ба сиёсати ҳамдигар дахл намекунанд, аммо дигар ҳамаи масъалаҳо як мешавад.”
Самад Сафаро, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав:
“Ҳамаи азоба мо мекашем. Масалан ман забони русиро нағз намедонам, агар виза кунанду ман имтиҳон аз забони русӣ супорида натонам ва ба муҳоҷират наравам, дар Ватан чӣ кор мекунам? Оилаи моро, ки мехӯронад?
Агар ҳукумати Тоҷикистон моро бо кори хуб даъват карда тавонад, ман безорам аз муҳоҷират, вале чун ҳоло ин корро наметонад.
Бе ҷори гардидани виза ҳам бо сад мушкилӣ гирифтор ҳастем, вале агар виза ҷорӣ шавад, ки гуфта метонанд, ки муҳоҷирон боз пора дода, сад роҳи дигарашро барои Русия рафтан намекобанд?!
Дар он ҳолат боз пулу вақти зиёдтар сарф мешад барои гирифтану даводави виза!”