Кэт Стивенс ҳунарманди маъруфи англис, муаллифи сурудҳо ва
навозандаи созҳои мусиқӣ (мультиинструменталист), дар солҳои 1970-ум, 60
миллион нусхаи албоми худро аз
сурудаҳояш ба фурӯш гузоштааст.
Тавре худи ин ҳунарманд мегӯяд: ҳар нафаре, ки чунин
имкониятро (яъне қабули дини ҳақро) аз
даст медиҳад, дубора барояш муяссар намегардад. Зеро Қуръони карим ҳушдор медиҳад, ки вақте ки
инсон рӯзи растохез дар пешгҳои Худованд қарор мегирад, чунин мегӯяд:
Парвардигоро, маро бозпас бигардон, ва бори дигар бароям имконият деҳ”.
Худованд дар посух мегӯяд:” Агар шуморо бозпас бигардонам, дигарбора ҳамонро анҷом медиҳед”.
Ӯ меафзояд, ман дар фазое тарбият ёфтаам, ки саропо аз
айшу ишрат, ҳаёти дунявӣ ва шоу-тиҷорат иборат буд.
Ман дар оилаи насронӣ ба дунё омадаам, вале ғофил аз он будем, ки ҳар як тифле, ки ба дунё
меояд, дорои имони фитрӣ буда, ин падару
модар аст, ки дар қабули ин ва ё он дин барои фарзанд нақши муҳим мебозанд. Кет Стивен мегӯяд: ман
дар оилаи насронӣ ба дунё омадаму дорои андеша ва ақидаи насронӣ будам. Маро чунин
таълим медоданд, ки Худованд вуҷуд дорад, вале инсон наметавонад, мустақиман,
бидуни восита ба Ӯ муроҷиат кунад. Бинобар ин моро лозим аст, ки танҳо
тавассути Исои Масиҳ, ба Худованд муроҷиат намоем. Ман каму беш чунин эътиқодро
қабул доштам, вале шубаҳоте дар дилам вуҷуд дошт. Бо вуҷуд ин ҳама ба хотири
эҳтироми волидайнам, ки насронӣ буданд, то андозае ақидаҳои онҳоро қабул
доштам.
Ман мегӯяд Стивен, китоби Инҷилро мутолиъа мекардам, вале
ончиро ботини ман тақозо мекард, пайдо намекардам. Дар бораи Ислом бошад ҳеҷ
маълумоте надоштам, вале ҳодисае рӯх дод, ки онро танҳо муъҷизаи илоҳӣ
меҳисобам. Ӯ меафзод: бародарам боре дар
як сафари худ вориди масҷиде дар шаҳри Иерусалим мешавад, ки таҳти таъсири зиёд
қарор мегирад, чун бо муқоиса бо калисо ва синагогҳо, ки аксари вақт холианд
масҷид, лабрез аз ибодаткунандагон буду фазои сулҳу оромӣ онҷо ҳукмфармо.
Вақте ки бародарам ба Лондон баргашт, бо худ Қуръоне бо
тарҷума оварду онро барои ман ҳадя кард. Бародарам Исломро қабул накарда буд,
вале чизеро наздиктар ба худ дар ин дин эҳсос карда буду хост ман низ фоидае
барои худ ҳосил кунам.
Вақте ки ин Китоби сарнавиштсозро, ки ба тамоми суолҳои
ман посӯх медод: ман кистам ва ҳадафи ман дар зиндагӣ бояд аз чӣ иборат бошад,
ҳақиқат дар куҷост, аз куҷо омадаам ва омаданам баҳри чист-дастрас кардам, он
гоҳ дарк кардам, ки ин дини ҳақ аст, на он чуноне, ки ба андешаи ғарбиҳо гуйё
дин танҳо барои солхурдаҳо бошаду бас. Дар олами ғарб ҳар нафаре, ки ба дин
алоқамандии бештаре дошта бошад, ӯро фидоӣ меноманд.
Ман фидоӣ ва ё фанатик набудам, дар аввали кор
намедонистам чӣ равобити мутақобил миёни ҷисм ва руҳ вуҷуд дорад. Пасонтар фаҳмидам,
ки руҳу ҷон аз ҳамдигар ҷудонашавандаанд ва инсон барои анҷоми ибодат набояд
гушанишиниро ихтиёр намояд. Моро лозим аст, дар ҳама ҳол амри Худоро анҷом
диҳем, пас инсон метавонад манзалате болотар аз малоик дошта бошад. Ба натиҷае расидам,
ки ягона роҳи саодат, ин пазируфтани
Ислом аст.
Ман дарк кардам, ки ҳама махлуқот ва мавҷудот офаридаи
Худованди якто мебошанд. Оҳиста-оҳиста чунин андешаҳо ғурури маро, ки ҳама
дастовардҳоро дар ҳаёт моли худ медонистам поён меовард.
Стивен меафзояд: китоби Қуръонро мутолиъа мекардам, онҷо
дар бораи адои намоз ва муҳаббату шафқату меҳрубонӣ суҳбат мекард. Ҳануз ман мусалмон набудам, вале эҳсос мекардам, ки
ягона чизе ки посухгӯи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ман аст, ин ҳамоно Қуръони карим
аст ва Худованд онро бароям ҳоло ҳадя кардааст. Ман ин эҳсосотамро пинҳон
медштам. Дар асоси таълимоти ин Китоби осмонӣ, хоҳише дар ман пайдо шуд, ки бояд бо бародарони мусалмон
мулоқот анҷом диҳам.
Ҳамроҳи бародарам ба хулосае омадем, ки сафаре ба
Иерусалим дошта бошем. Ман дар онҷо вориди масҷиде шудаму дар гушае нишастам. Марде
ҷониби ман нигаристу гуфт: “Ту дар ин ҷо чӣ мехоҳӣ?” Дар посух гуфтамаш, ки ман
мусалмонам. Он мард бори дигар пурсид, номат чист? Вақте Стивен ҷавоб додам,
ҳайраташ афзуд. Сипас ҳамроҳ дар сафи намозгузорон гарчанде комилан наметавонистам
анҷом диҳам, пайвастам
Вақте ки ба Лондон баргаштам, бо хоҳаре ба номи Нафиза
вохурдам. Бо ӯ дар бораи ин ки мехоҳам Исломро
қабул кунам суҳбат кардам. Хоҳар Нафиза маро ба масҷиде дар Ню Риджент роҳнамоӣ
кард. Ин руйдод ба солҳои 1977 рост меомад.
Рӯзи ҷумъа пас аз адои намоз назди имоми масҷид рафтаму
изҳор доштам, ки Исломро пазируфтам, ҳамзамон калимаи шаҳодатро ба забон
рондам.
Ислом динест, ки саодат ва хушбахтии инсонҳоро дар ҳама
давру замон таъмин менамояд, мегӯяд, Кэт Стивенс , ки пас аз пазируфтани Ислом
номи Юсуф Исломро ба худ гузошта буд.