12 апрели соли ҷорӣ, Кенет Грос, сафири Амрико аз номи Шӯъбаи ҳамкории ҳарбии сафорати ИМА ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизотро бо арзиши зиёда аз 480 000 доллари амрикоӣ супорид.
Дар ин маросим роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал Рустам Назаров ҳузур дошт. Таҷҳизоти мазкур васоити нақлиёт, василаи алоқавӣ, компютерҳо, дастгоҳҳои аккосӣ ва лавозимоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқиро дар бар мегирад.
Ин кӯмакҳо имкониятҳои кормандони Агентии назорати маводи нашъаоварро дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон беҳтар мегардонад.
Ҳамзамон сафири ИМА иброз дошт: «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон қувваи касбӣ ва бонуфузест, ки омодагии хешро ҷиҳати пеш бурдани фаъолияти ҷиддӣ бо мақсади густариш додани имкониятҳои худ, иброз намудааст. Бароям боиси ифтихор аст, ки имконият дорам, то ба онҳо кӯмак расонам».
Кумаки мазкур яке аз лоиҳаҳои сафорати ИМА мебошад, ки бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пешкаш гардидааст.