Нишаст бо Сайёфи Мизроб, сардабири рӯзномаи “СССР” ва яке аз журналистони маъруфи кишвар, ки дар назар буд, фардо 19 июни 2013 дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор гардад, лағв шуд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзат, сабаби лавғ шудани ин нишастро дар шомил будани Сайёфи Мизроб дар ҳайати рӯзноманигорон, ки президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни сафари хеш ба вилояти Суғд ҳамроҳӣ мекунад, донист. Ӯ гуфт, ки замони баргузории нишаст бо ӯ дар оянда то ҳол маълум нест ва дар ҳолати маълумшавии вақт, эълон хоҳанд кард.
Сайёфи Мизроб соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, дар соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Ӯ соли 1991 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петурбург)-ро хатм намудааст. Ӯ аз соли 1991 то 1998 дар ҳафтаномаҳои мухталиф кор карда, аз солҳои 1998-2008 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 2008 инҷониб муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» аст. Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.
Лозим ба ёдоварист, ки аллакай бархе аз шоирон ва зиёиёни маъруфи кишвар, аз ҷумла устодон; Муъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева, Барзу Абдуразоқ, Рустами Ваҳҳоб ва ғайра меҳмонони ин нишасти илмӣ-фарҳангӣ дар қароргоҳи ҳизб шуданд.
Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик нишасти шоири маъруф, Бозор Собир, ҳам дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб, дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд: “Мо қаблан аз устодон Қаноат, Гулрухсор ва Барзу сӯҳбатҳоеро гӯш кардем, хуб мешуд, ки ӯ (Бозор Собир)- ро ҳам бишнавем. Мо ин таҳаммулро дорем ва устод Бозор чунин ҷасоратро ҳам дорад.”
Сайидумар Ҳусайнӣ, ноиби раиси ҲНИТ дар суҳбаташ бо “nahzat.tj” гуфта буд: “Ба назари мо, муколама ва шунидани якдигар беҳтарин роҳ барои шинохти якдигар буда, шояд он нофаҳмиҳо ва суйтафоҳуме, ки ба сабаби дурӣ ва набудани муколамаи бевосита рух медиҳанд, коҳиш ёбанд.”