Линдси Лохан, Исломро пазируфт?

Линдси Лохан, Исломро пазируфт?Ҳунарпешаи маъруфи Ҳоливуд аз
Амрико, хонум Линдси Лоханро дар ҳоле мушоҳида карданд, ки дар кучаҳои Ню-Йорк Қуръони
каримро дар даст дошт, хабар медиҳад: “Ислам.ру”.

Ин манбаъ хабар медиҳад: Лохан
дар ин ҳол аз масъулияти ҷамъиятие, ки дар маркази кӯдакон ҷойгир асту додгоҳ
онро ба зиммааш вогузор кардааст, берун шуд.

Аксари шоҳидон ва ҳолдонҳо бар ин назаранд, ки
таваҷҷуҳи ин ҳунарманди маъруфи 28-сола ба муқаддасоти Ислом ба шиддати баланди
эҳсосоташ пас аз даст кашидан аз нӯшокиҳои спиртӣ ва ҳаёти саропо аз инҳироф ӯ рабт дорад.

Лохан аз ҷумлаи ҳунарманди баҳсбарангезтарини Ҳоливуд
ба шумор меравад, ки борҳо дар мурофиаи судӣ барои ҳуқуқи шартан вайрон кардани
меъёрҳои озодӣ қарор гирифта аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Дар ҳоли кунун ин ҳунарманд тавре
дар боло зикр гардид, дар асоси ҳалномаи додгоҳ, ба корҳои идории яке аз
марказҳои кӯдакон масъулият ба зимма дорад.

Лохан, аксаран аз рӯзноманигорон
ва ҳаводоронаш, ки ӯро пушти дар мунтазиранд, худро пинҳон медорад. Аксҳои ӯ
ҳамроҳ бо атфол тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир гардида буд.

Лохан дар саҳифаи твитери худ
навишта буд: “Хушҳол аз онам, ки кӯдаконро кӯмак мекунам”

Барои ин ҳунарманди маъруф аз
даргоҳи Худованди меҳрубон тавфиқи ҳидоят таманно дорем.

More From Author

You May Also Like