Categories Ахбори рӯз

Лоиҳаи қонунро дигар намоед

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи ахири хеш, ки рӯзи 17.01.11 баргузор гардид, лоиҳаи қонуни баҳсангез дар мавриди масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Ширкаткунандагони ҷаласа тамоми ҷузъиёти лоиҳаи мазкур, бахусус мӯҳтаво ва мантиқи онро тайи чанд рӯз мавриди омӯзиш қарор доданд ва онро дур аз воқеъияти ҷомеъаи мусалмонии кишвар арзёбӣ карданд.

Раванди ҷаласа нишон дод, ки мавқеъгирии аъзои Шӯрои Сиёсии ҳизб дар қабул гаштани лоиҳаи қонуни мазкур, дар умум, як аст, яъне он ба воқеъияти ҷомеъа ва арзишҳои милливу динӣ комилан созгор нест. Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки таҳиякунандагони он меъёрҳои муҳими конститутсионӣ ва санадҳои байналмиллалиро дар мавриди ҳуқуқҳои алоҳидаи шаҳрванд ва кӯдак зери по гузошта, меъёрсозиҳое кардаанд, ки ҳатто ба қонунҳои мавҷуди кишвар мухолифат доранд.

Дуруст аст, ки вазъи таълиму тарбия дар кишвар ба таври матлуб нест, агарчи талошҳои алоҳидаи мақомот дар ин самт эҳсос мешаванд. Вале мушкилот ба маънои он ҳам нест, ки волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд масъулият зоҳир намекунанд ва гунаҳкори аслӣ онҳоянд.

Шӯрои Сиёсии ҳизб баъди баҳсу баррасии тӯлонӣ ду варианти лоиҳаи қарорро дар ин маврид ба овоз гузошт:

1. Лоиҳаи қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд хилофи меъёрҳои ақидатӣ ва ҳуқуқӣ, бахусус конститутсионӣ буда, ба воқеъияти ҷомеъаи мусалмонӣ созгор нест ва њељ як пешниҳоду тағиротеро дар он ҷоиз намебинем.

2. Лоиҳаи қонуни мазкур хилофи меъёрҳои ақидатӣ, ҳуқуқӣ, бахусус конститутсионӣ буда, ба воқеъияти ҷомеъаи мусалмонӣ созгор нест. Вале ҲНИТ дар нисбати берун кардани баъзе меъёрҳо аз лоиҳа ва тағйирот ворид кардан ба бандҳои дигари он пешниҳоди мушаххаси хешро ироъа медорад.

Аксари аъзои Шӯрои Сиёсӣ ба тарафдории варианти дуввум раъй доданд. Ҳамчунин қарор шуд, ки ҲНИТ даъвати раҳбарияти Кумитаи радио ва телевизиони Ҳукумати ҶТ-ро қабул дорад ва дархости хешро ҷиҳати сӯҳбат дар телевизион ироъаи мақомоти мазкур менамояд.

More From Author

You May Also Like