Categories Uncategorized

МАВҚЕЪ

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Ин ҳарф дар ҳама маврид воқеъият ва ботину зоҳири инсонро ошкор месозад, ки дар қиболи масоили мухталиф аз худ чӣ вокуниш ва ё амалкарде нишон медиҳад. Ҳар инсони дорои чунин хислат масъулиятшиносӣ ва ҳадафманд будани хешро дар зиндагӣ ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан ба масъалае ба намоиш мегузорад ва тасмим мегирад. Яъне дар ин гуна мавридҳо мавқеъи инсон ҳадафи ягона ё тавре мегӯянд, усулан ошкор аст, аммо дугонагӣ ва калавишҳо ё «бепринтсипӣ»-и ӯ зимни тасмимгирӣ мушкил эҷод мекунад.

Албатта, инсонҳоеро дидан мумкин аст, ки дар амалкарди хеш кадом мавқеъгирии рӯшане надоранд, вале эҳтимол дар раванди зиндагӣ муваффақ ҳам ҳастанд. Ин масъала ҷанбаҳои мухталиф дорад. Ин гуна инсон то ҷое зиракона амал мекунад, то дар мавридҳои хос пеш аз ҳама манфиъати хешро ҳифз намояд, агар нашуд, манфиъати нафари муассири дохили баҳс ва ё шахси аз худ болотарро авлавият медиҳад. Аммо чунин як «мавқеъгирӣ» дар масоили маҳдуд эҳтимол коршоям бошад, тавре мегӯянд, ин «белро ба равиши об гузоштан»-ро мемонад.

Ҳоло агар ҷиддитар ба мантиқи мафҳуми мавқеъ ё мавқеъшиносиву мавқегирӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоем, ин хислатро бояд аз инсоне ҷӯё шуд, ки зимни пайдо шудани масъалаи хосе, ҳатто агар кӯчак ҳам бошад, назару бардошти хешро ошкор мегӯяд ва дар тасмимгирӣ ҷиҳати ҳалли масъала кӯмак мерасонад. Боз ҳам мавқеъгирӣ дар ҳоле коршоям мебошад, ки тасмимгирӣ дастаҷамъона сурат мегирад, на инфиродӣ. Аммо ҳоло масъаларо аз мавқеъгирии нафари аввали як кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Агар сарвари як давлат зимни тасмимгирии хеш дар қиболи масоили давлатӣ ва миллӣ фарҳанги гӯш кардани мақомоти калидии атрофи хеш дошта бошад ва атрофиён дидгоҳу назари рӯшанеро зимни матраҳи масъалае изҳор бидоранд, тасмимгирии нафари аввал осон мегардад ва тасмим маънои дастаҷамъонаро касб мекунад. Вале бештари таҷрибаҳои давлатдорӣ далолат аз фарҳанги тасмимгириҳои инфиродӣ мекунад, ки ҳанӯз аз даврони қабл аз милод то ба имрӯз идома ёфтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба шикаст мувоҷеҳ шудани ҳар низоми давлатдории муосирро сабаби аслӣ ҳамин гуна тасмигириҳои инфиродӣ ва мавқеъгириҳои манфиъатхоҳона боис шуда. Раҳбарони давлат худро ҳокими мутлақ пиндошта, мафҳуми мавқеъшиносиву тасмимгириро ба ҳам омехта кардаанд.

Ҳоло давлати Тоҷикистон мувоҷеҳи ҳамин мушкил аст. Мавқегирӣ ва тасмими ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар қиболи мушкилоти мавҷуд бо Русия дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ҷаноби Путин муайян ва мушаххас мешавад, ки дар кадоме аз масоил гузашт мекунад ва дар кадоми он мавқеъи устувор мегирад, то тасмимгирии ӯ ҷавобгӯ ба манфиъатҳои миллӣ ва давлатӣ бошад. Масъулият, агарчи сангин аст, вале ин дигар дар салоҳияти ӯст, чунки низоми давлатдории Тоҷикистон, сарвари давлатро ҳамчун ҳокими мутлақ сохтааст ва шаҳрвандон, бахусус аъзо ва вакилони ду палатаи Маҷлиси Олии кишвар бо раъйдиҳии хеш ин гуна салоҳиятро дар ихтиёри Президенти ҶТ додаанд.

Дуъо мекунем, ки мавқеъшиносӣ ва тасмимгирӣ ба як фарҳанги миллӣ табдил ёбад.

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like