«Ва Мо ҳамчунин бар ту китоб нозил кардем, пас касоне, ки ба онҳо китоб дода будем, ба он имон меоранд ва аз инҳо, (мушрикон) низ касоне ҳастанд, ки ба он мегараванд ва оёти Mоро ҷуз кофирон инкор намекунанд». (Сураи «Анкабут», 47)
Ин оят дар мисдоқи мазмуни қисмати охири ояти қаблӣ омада, ба тамоми ақшори ҷомеъаи башарӣ дар мавриди ҳақиқати Қуръони карим ба унвони китоби осмонӣ ва рисолати Паёмбари Ислом (с) хабар медиҳад. Худованд инчунин таъкид менамояд, ки Қуръони карим низ монанди Суҳуфи Иброҳим, Таврот, Забур ва Инҷил, ки аз сӯйи Худованд ба паёмбарони пешин нозил шуда буданд, китоби осмонист ва аз ҳамон манбаъи аслӣ, ба ҳамон равиши маъҳуд ва аз тариқи ваҳй дар тасдиқи китобҳои мазкур ба Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст. Ин оят дар зимн ҳамчунин хабар медиҳад, ки гурӯҳе аз аҳли китоб ва мушрикон ба он имон меоранд ва гурӯҳи дигар аз ҳамин тӯдаҳо ва ақшори дигари ҷомеъа инкор меварзанд. Аз умматҳои пешин, ба хусус аз яҳуду насоро танҳо касоне ба рисолати Паёмбари акрам (с) ва Қуръони карим имон меоранд, ки ба китоби осмонии худашон бовар дошта ва аз сари сидқ ба он амал мекунанд, зеро онҳо аз рӯйи нишондоди китобҳояшон ба сифатҳои он Ҳазрат ошноянд ва ба илова мебинанд, ки Қуръон Тавроту Инҷилро тасдиқ менамояд. Инчунин аз мушрикон низ танҳо афроде ба Паёмбари акрам (с) ва Қуръони карим мегараванд ва аз раҳнамоиҳои он файзёб мегарданд, ки аз аҳли инсофанд ва аз ақли солим кор мегиранд ва дар ҷустуҷӯйи ҳаққу ҳақиқатанд. Вале касоне, ки амал намудан ба китобҳои қаблиро дар сояи манфаъатҳои шахсӣ, ё гурӯҳӣ роҳандозӣ мекунанд ва зери султаи таассуби қавмию нажодӣ қарор доранд, дидаву дониста даст ба иноду саркашӣ мезананд.
Ва аз ин ду гурӯҳ ва тоифаҳои дигаре, ки ба мурури замон дар ҷомеъаи инсонӣ буруз мекунанд, аз рӯйи таассуб, тақлиди кӯр-кӯрона, динситезии маҳз ва ё ба хотири ҳифзи манофеъ оёти Худоро бо вуҷуди зоҳиру равшан будан ва заррае шубҳа дар он роҳ надоштан, инкор мекунанд.
Худованд дар ояти баъдӣ бо овардани далели ақлии раднашаванда мафҳуми ояти қаблиро дар мавриди ҳаққонияти даъват ва рисолати он Ҳазрат (с) таъйид менамояд: «Ту пеш аз ин (нозилшавии Қуръон) ҳеҷ китоберо намехондӣ ва бо дасти худ китоб наменавиштӣ, вагарна ботиландешон албатта (дар бораи Қуръон) ба шак меафтоданд». Паёмбари Худо аз тифлӣ дар шаҳри Макка дар миёни Қурайш зиндагӣ карда ва дар он ҷо ба синни камол расид ва ҳама медонистанд, ки то синни чилсолагӣ қадам ба остонаи мактабе наниҳода ва аз касе дарс наомӯхта ва касе китоб хондану хатнависии он Ҳазрат (с)-ро мушоҳида накарда буд. Худованд дар мавриди ин сифати Паёмбари охирин дар ояҳои 157-58 сураи «Аъроф» чунин мефармояд: «Ҳамон касоне, ки аз ин Расул, Паёмбари дарснохонда пайравӣ мекунанд, ки (сифатҳои) ӯро назди хеш дар Таврот ва Инҷил навишташуда меёбанд…» «Пас ба Худо ва Расули Ӯ, он Паёмбари дарснохонда, ки ба Худо ва калимоти Ӯ имон дорад, имон биёред».
Бо вуҷуди дарснохондагӣ Паёмбари акрам (с) аз манбаъи ваҳй шоҳкитобе бо номи Қуръон ба башарияти рӯйи замин тақдим гардид, ки донишварону хирадмандони олам то ба имрӯз ва то рӯзи Қиёмат ба дидаи ҳайрат ба он менигаранд. Ҳазрати Ҳофиз ба ин маънӣ чунин ишора намудааст:
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.
Бояд гуфт, Қуръон китобест дорои фасоҳату балоғат ва мафҳумҳои расо ва саршор аз ахбор ва эъҷозҳое, ки тавону маърифати башар аз эҷоди монанди он оҷиз аст. Онҳое, ки бо рӯҳи ҳақталабӣ ба Қуръон рӯ меоранд, дар он ҳидоят ва шифои бемориҳои ахлоқӣ ва рӯҳӣ, ахбор ва саргузашти умматҳои пешин, умури ғайбӣ, далелу ҳуҷҷатҳои равшангар, панду андарзҳо ва беҳтарин ва бузургтарин қонунҳои инсонсозу ҷомеъасозро меёбанд ва яқин мекунанд, ки Қуръон ҳунари дасти башар нест.
Агар Паёмбари Худо (с) дарснохонда намебуд, аҳли китоб даъво мекард, ки сифати паёмбари дар китобҳои мо зикршуда дар ӯ нест ва даъвояшон асоснок мешуд. Аҳли Макка низ далел доштанд, ки ӯ китобхону нависанда аст ва ин китобро худаш тасниф намудааст.
Худованд дар идома ба ҳаққонияти Қуръон боз як ишора мефармояд: «Балки он оёте равшан аст, ки дар синаи донишварон ҷой дорад». Худованд ҳифзи Қуръонро дар синаҳо ва тиловату тафсирашро дар забони олимону донишмандони ҳақҷӯ ва шефтагони ҳақиқат осон намудааст. Аксари уммати исломӣ онро тиловат мекунад. Илова ба ин оёти Қуръон ва нишонаҳои ҳаққонияти ин китоб ва нубувват ва сидқи Паёмбари гиромӣ (с) дар онҳо комилан ба таври равшану возеҳ баён ёфтааст.
Оётеро бо ин сифот танҳо касоне инкор меварзанд, ки по аз роҳи рост берун ниҳодаанду дар андешаи онҳо ҳақиқату ростӣ арзиш надорад ва зулму ситамро пеша намудаву адлу адолат барояшон бегона аст: «Ва оёти Моро ҷуз ситамгарон инкор намекунанд».
Дар партави ин ояҳо метавон яқин кард, ки аз ибтидо то интиҳо ҳақиқати дин назди Худованд як аст ва усулан аз назари моҳият ҳеҷ гуна ихтилофе байни адёни илоҳӣ вуҷуд надорад. Худованд дар ҳама асру замонҳо бандагонашро ба василаи паёмбарони Хеш ба пайравӣ намудан аз ҳамон як дин дастур додааст. Инчунин дар ҳар замону маконе ҳар паёмбареро фиристода, танҳо ба хотири таблиғи ҳамон дин ва ҳар китобе нозил намуда, танҳо дар бораи ҳамон дин нозил кардааст, ки он Ислом аст. Ва маънои ислом дар баробари дастуроти дар мавриди ақоид, аъмол ва маъориф ва аҳком содиршуда таслим шудан аст. Фарқият танҳо дар шариъатҳои паёмбарон дида мешавад, ки он ба сабаби эҳтимом қоил шудани шореъ ба хусусиятҳои замонию маконӣ ва дарку фаҳм ва сатҳи фарҳангии мардум зарурат касб кардааст.
Зубайдуллоҳи Розиқ