Гуфта мешавад, ки бо сабаби баста шудани роҳ байни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Б.Ғафурови Тоҷикистон рафтуомади сокинони марзии ин ду навоҳии марзӣ қатъ шудааст, ки аслан ба хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул буданд. Чунин хулоса бар меояд, ки муноқишаҳои марзӣ дар деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара таъсири хешро то ба роҳи мусофиркашонии деҳаҳои Жесток-Достуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ҷамоъати «Хистеварз»-и ноҳияи Б. Ғафуров расонидааст.
Сокинони ноҳияи Лайлак гуфтаанед: тӯли чанд рӯз аст, ки нақлиёти мусофиркашӣ дар ин хатсайр аз фаъолият бозмондаанд.
Ин иттилоъро дар Корхонаи фаръии нақлиёт ва мусофиркашонӣ тасдиқ карда, гуфтаанд: ҳаракати хатсайри мазкур бо амри маъмурияти ноҳияи Лайлак аз 16-уми январ қатъ шудааст ва ин амрро то ҳал шудани баҳсҳои марзӣ дар Чоркӯҳ ва Ворухи Исфара вобаста кардаанд.
Тавре аз манбаъҳои муътамад аз ноҳияи Исфара хабар медиҳанд, ки вазъият дар деҳоти марзии Исфараи бо ҳамсоякишвари Қирғизистон, ки бо сабаби тасмими худсаронаи ҷониби Қирғизистон ҷиҳати сохтмони роҳи алтернатив то ҷое ноором шуда буд, феълан ором аст. Неруҳои зудамал ва таъйиноти махсуси мақомоти қудратии ҳарду кишвар вазъро зери назорат гирифтаанд.
Ба ҳар ҳол, сари мушкилоти марзӣ дар ин минтақа ҷонибҳо то ба ҳол таври матлуб машғул нашудаанд.