Categories ТАҲЛИЛ

ҲНИТ аъзои худро натанҳо барои ҷанг, ҳатто барои таълим ҳам намефиристад

Шаби гузашта, 14 ба 15-уми феврал аз тариқи шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» хабаре пахш гардид, ки дар он аз ширкати шаҳрванди Тоҷикистон, Баҳриддин Муъминов дар низоъи мусалаҳонаи Сурия гуфта мешуд ва ровии навори пахшшуда ҷузъиёти масъаларо шарҳу тавзеҳ дода, ишора ба он кард, ки Баҳриддин узви ҲНИТ мебошад ва дар ҷанг ба муқоибили ҳукумати конститутсионии ин кишвар ширкат кардааст.
Ҷои тазаккур ва ёдоварист, ки маҳкумияти Б.Муъминов авохири соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон сурат гирифтааст, вале наворро дар ин маврид алҳол пахш карданд. Агарчи таҷриба бештар аз он далолат мекунад, ки ин гуна наворҳо аз ҷониби мақомоти хос таҳияшуда, қабл аз ҳукми додгоҳ манзури бинандаи тоҷик қарор мегирифтанд.
Аз санадҳои ҳизбӣ бар меояд, ки Б, Муъминов аъзои ҲНИТ аст ва тавре хабарнигори мо иттилоъ дарёфт кард, Баҳриддин ба Сурия барои таҳсили илм рафта, қасди шомил шудан ба гурӯҳҳои ҷиноятиро надоштааст. Дар мурофиъаи додгоҳӣ дар бораи узвияти номбурда дар ҲНИТ ишорае ҷой надошт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки пас чаро имрӯз навореро бо гуфтори ғаразомез таҳия карда, пахш месозанд? Дар ҳоле ки ҳеҷ ҳизби сиёсӣ дар тасмими сафари аъзои ҳизб ба кишварҳои ҷаҳон дахолат намекунад ва инро ҳаққи комили ҳар шаҳрванд медонад.
Чунин ба назар мерасад, ки доираҳои манфиъатхоҳ маводи туҳматомези дигареро алайҳи ҳизб надоштаанд ва бо пахши навори навбатӣ аз тариқи ВАО-и ҳукуматӣ «исбот кардан» мехоҳанд, ки узви воқеъии Наҳзат гӯё дар ҷинояти ошкор, он ҳам муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳокимияти конститутсионӣ дар Сурия ширкат кардааст ва бо ин дар афкори ҷомеъа фазосозии муғризонаи хешро идома доданианд.

More From Author

You May Also Like