Маркази нави исломӣ бо номи “Алҳикмат” дар Италия ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз хабаргузориҳои интернетӣ, як Маркази исломии бузург шомили маҷид, мадраса барои омӯзиши фарҳанги исломӣ ва забони арабӣ дар Италия ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши манбаъҳо, ин марказ бо номи “Алҳикмат” ифтитоҳ шудааст ва дар он ба донишомӯзон Қуръон ва умури исломиро низ таълим медиҳанд.
Дар кушодашавии маркази мазкур ду хонаводаи мусалмони африқоӣ саҳми арзанда доранд, ки онҳо барои барпо кардани чунин як марказ маконеро дар истони Венто харидорӣ намудаанд.
Ин марказ бо ҳадафи ҳифзи фарҳанги исломӣ ва омӯзиши насли ҷавон бо омӯзаҳои қуръонӣ дар Италия ифтитоҳ шудааст.