“Алиф, лом, ро. (Ин) китобе аст, ки Мо онро ба сӯи ту нозил кардем, то мардумро ба изни Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшнӣ берун орӣ, ба роҳи Худои шикастнопазири сутуда”. (Сураи Иброҳим, ояти 1).
Бояд гуфт дар Қуръони карим 29 сура бо ҳарфҳои ҷудогонаи ҳиҷоӣ оғоз шудааст, ки сураи Иброҳим яке аз он сураҳо мебошад ва муфассирон аз баёни маъонии ин ҳуруф худдорӣ кардаанд. Танҳо чизе, ки ба муфассирон ҷуръати таъвилоте медиҳад, он аст, ки дар 24 сура баъди зикри ҳуруфи ҷудогонаи ҳиҷоӣ билофосила сухан дар мавриди Қуръони карим меравад. Ин худ баёнгари он аст, ки миёни ҳарфҳои мазкур ва Қуръони маҷид иртиботи қавӣ аст.
Ин оят ду мавзӯи асосиро баён мекунад, яке ҳадафи аслӣ аз нузули Қуръон ва дигар вазифаи Паёмбари гиромӣ (с) ба унвони мубаллиғ, муаллим ва муҷрии аҳкоми он.
Мафҳуми оят чунин аст, ки Мо ин китобро ба сӯи ту ба ин мақсад нозил кардем, ки ту ба василаи он тамоми мардуми оламро ба дастури Парвардигорашон аз торикии куфру ширк ба нури имон, яъне ба роҳи Худованди шикастнопазири сутуда берун биёрӣ.
Аз ибораи “Мо онро ба сӯи ту нозил кардем” бармеояд, ки Қуръон китобест, ки реша дар тафаккури башар надорад, балки каломи Худованд ва муҳтарамтарин китоби осмонӣ аст, ки онро ба ашрафи паёмбаронаш нозил фармудааст.
Дар идомаи ин оят ҳақиқати маънавӣ дар бистари ашёи эҳсосшаванда тарзе баён шудааст, ки маорифи башариро ҳидоят мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба матни оят, ки дар он калимаи торикиҳо ба шакли ҷамъ омадааст ва диққат додан ба воқеияти зиндагии инсонҳо, ба дарки ҳақиқати раднашаванда метавон расид. Вақте ба олами куфр ба дидаи ақли солим назар андохта шавад, маълум мегардад, ки ҷаҳони куфр, новобаста аз ин ки куфри бархоста аз ҷаҳл аст, ё куфри бунёдёфта бар мабнои тарзи ҷаҳонбинии махсус, дар торикиҳои бепоён дасту по мезананд. Ботил, залолат, саргардонию ҳайронӣ, ҷаҳлу нодонӣ, ваҳму хаёлот, хурофот, шаҳватҳо, ҳавасҳо, зулму ситам, фисқу фуҷур ва фасод, олудагиҳо, парешонӣ дар тасаввур ва шинохти арзишҳо, парокандагӣ, пайравӣ аз арбоби худкома ва монанди инҳо, ки бархоста аз замини куфранд, ҳар кадом ба танҳоӣ навъе аз торикист, ки инсон бар асари онҳо мақсуди ҳаётро дар доираи маҳдуди инҷаҳонӣ мебинад. Аммо равшанӣ бархоста аз нури ҳидояти Қуръон баръакси он аст, шахсе, ки бо ин нур ба зиндагӣ ва ҷаҳон назар меафканад, ҳадафу ғояти зиндагии ин ҷаҳон ва ҷаҳони дигар, яъне саъодати дорайнро мадди назар қарор медиҳад.
Ояти 9 сураи Ҳадид низ ба ҳамин мазмун далолат карда мавзӯро ба мушфиқу меҳрубонии Худо пайванд медиҳад: “Ӯ Касе аст, ки бар бандаи Худ оёте равшан нозил мекунад, то шуморо аз торикиҳо ба рӯшноӣ барорад ва дар ҳақиқат Худованд нисбат ба шумо басе мушфиқу меҳрубон аст”.
Нуктаи дигаре, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ин аст, ки ба нузули Қуръон ва рисолати Паёмбари гиромӣ (с) хусусияти умумибашарӣ додааст. Ибораи “то мардумро ба изни Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшнӣ берун орӣ” далолат бар умумияти рисолат мекунад ва ояти 158 сураи Аъроф ба ин маънӣ равшании бештар меандозад: “Бигӯ: “ Эй мардум! Ман фиристодаи Худо ба сӯи ҳамаи шумо мебошам!…” Инчунин ояти 28 сураи Сабо низ болои ин нукта таъкид намудааст: “Мо туро, ҷуз башоратгар ва ҳушдордиҳанда барои ҳамаи мардум нафиристодем, вале бештари мардум намедонанд”.
Дар ин оят инчунин марзҳи ҳақиқати паёмбарӣ мушаххас шуда, дар ҳудуди ҳамин ҳақиқат вазифаи Паёмбари Ислом (с) низ марзгузорӣ мешавад, то мардум вазоиф ва сифоти паёмбареро, ки аз башар аст, бо ҳақиқати зоту сифоти илоҳӣ омехта насозанд. Дар ҳақиқат ҳадафи аслӣ аз фиристодани Паёмбари гиромӣ (с) ва нузули Қуръони карим дар ин оят бисёр равшану гӯё баён шудааст, ки он аз роҳи даъвату иршод аз торикиҳо ба сӯи равшанӣ берун овардани мардум аст. Паёмбар яке аз сабабҳои зоҳирии бевосита ва бавосита ҳидоят кардан ва берун кашидани мардум аз торикиҳост. Ин мавзӯъ ояти 56 сураи Қасас тавзеҳи бештар медиҳад: “Дар ҳақиқат ту ҳар киро дӯст дорӣ, наметавонӣ ҳидоят кунӣ, лекин Худост, ки ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва ӯ ҳидоятпазиронро беҳтар мешиносад”. Ҳидоят, ё гумроҳ кардани мардум комилан дар ихтиёри Паёмбари акрам (с) ва ҳеҷ шахси дигар нест, балки ӯ яке аз сабабҳои ҳидоят буда, вазифааш танҳо расондани паёми илоҳист. Ояти 52 сураи Шуро низ ишора ба сабаби ҳидоят будани он ҳазрат (с) намудааст: “… ва бетардид ту (мардумро) ба роҳи рост ҳидоят мекунӣ”.
Эҷоди ҳидоят дар ҳақиқат кори Ҳақ таъоло аст, бинобар ин, комилан берун бурдани мардум аз зулумот ба сӯи нурро Қуръон ба изни Парвардигорашон марбут гардондааст. Ҳаминро низ бояд донист, ки ҳидояти Худо ва расондани инсонҳо ба саъодат баста ба омодагии қалбӣ ва тамоюли худи банда ба касби имон аст. Ояти 27 сураи Раъд ҳамин нуктаро тавзеҳ дода мефармояд: “…Ва ҳар касеро, ки ба сӯи Ӯ бозгардад, ҳидоят хоҳад кард”.
Дар поёни оят “равшанӣ”-еро, ки Паёмбари гиромӣ (с) мардуми оламро ба василаи Қуръон аз торикиҳо ба сӯи он мебарорад, чунин тафсир мекунад: “Ба роҳи Худои шикастнопазири сутуда”. Ва ба яқин, ин роҳ Ислом аст.
Дар партави ин оят дини умумибашарӣ будани Ислом ва ихтисос ба қавми араб надодоштани он ва бутлони даъвои касонеро, ки ин дини илоҳиро хоси арабҳо медонанд, ба равшанӣ метавон дид. Нуктаи дигаре, ки барои мо маълум мешавад, ин аст, ки беҳтарин ва муътамадтарин роҳи ислоҳи ҳар миллат рӯ овардан ба Қуръони карим ва дар миёни он миллат густариш додани таълимот ва раҳнамоиҳои он ва пойбанд сохтани онҳо ба таълимоти ин китоб мебошад.
Зубайдуллоҳи Розиқ
Categories
ДИН ВА ФАРҲАНГ