Categories Uncategorized

Воҳидхони Қосиддин иддаъои Сафар Сафаровро рад кард

Имрӯз, 21-уми октябри 2013 Воҳидхони Қосиддин, роҳбари Дастгоҳи раиси ҲНИТ иддаъои Сафар Сафаров оиди ин ки ба ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвар даъватнома барои ширкат дар Анҷумани ахири ҲХДТ ирсол доштааст, рад карда, гуфт, ки ягон даъватнома аз тарафи ҲХДТ ба ҲНИТ нарасидааст.

Воҳидхон Қосиддинов, роҳбари Дастгоҳи раиси ҲНИТ, ки аз ҷумла, бо ирсол ва қабули номаҳои расмӣ сарукор дорад, ба сомонаи Наҳзат гуфт, ки ягон даъватнома оиди ширкат дар Анҷумани ахири ҳизби ҳоким ба ҲНИТ нарасидааст.

Сафар Сафаров, муовини якуми раиси ҲХДТ дар мусоҳибае бо нашрияи “Фараж” гуфта буд: “Мо намояндагони ҳамаи аҳзоб, ВАО-и мустақил ва расмиро даъват карда будем. Аммо наомадани намояндагони баъзе аҳзоб ин мушкили худи онҳост. Он чи ки намояндагони аҳзоби ҲИИТ, ҲАТ, ҲДТ ва дигарон омаданд, мо истиқбол ва изҳори сипос кардем.”

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ гуфт, ки ҲХДТ шояд ба дигар ҳизбҳо даъватнома барои ширкат дар анҷумани ахираш равон карда бошад, аммо чунин даъватнома ба ҲНИТ наомадааст.”

Ин дар ҳолест, ки масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки ин ҳизб ба унвонии Сафар Сафаров, муовини аввали ҲХДТ барои ширкат дар Анҷумани ҲНИТ, ки дар таърихи 17-уми сентябри соли 2013 дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор гардида буд, даъватнома ирсол кардааст.

Инчунин, Сафар Сафаров зимни мусоҳибааш аҳзобе мисли ҲИИТ, ҲСТ, ҲАТ, ҲКТ ва ҲДТ, ки нисоби имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ намуданд, “соҳиби обрӯ ва нуфуз” ва дорои “мақому манзалат” дар ҷомеа хонд.

Ӯ гуфт: “Бояд гуфт, ки аҳзоби мазкур дар ҷомеа ба андозаи тавону қудрат ва корҳои анҷомдодаашон дар миёни омма обрӯ ва нуфуз доранд. Масалан, ҳизби аграрӣ асосан манфиатҳои кишоварзон, боғдорон ва чорвопарваронро ҳимоя мекунад. Аз ин рӯ, ин қишри ҷомеа аз барномаҳои ҳизби мазкур албатта ҳимоя мекунад ва барои додани имзоҳои худ мусоидат карданд.”

Ӯ афзуд: “Ҳамин тариқ, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаронаш низ чунин мақому манзалатро дар ҷомеа соҳиб гаштааст. Мақомоти ин аҳзоб дар давраи гирифтани имзоҳо пушти интригаҳо нарафтанд, балки бо ташкили гурӯҳҳои ташаббускор хеле фаъолона кор бурданд.”

Оқои Сафаров ғайримустақим ишора кард, ки ИНИТ дар ҷомеа тарафдори кофӣ надорад, вагарна дар ҷамъоварии имзоҳои лозима ноком намешуд. Ӯ чунин мегӯяд: “Дидем, ки чӣ гуна як иттиҳоди ба қавли худашон калон дар гирифтани имзоҳои тарафдорон душворӣ кашиданд.”

Ин масъули аршади ҲХДТ вуҷуди фишору монеагузориҳое, ки ситоди муштараки Бобоназарова дар раванди ҷамъоварии имзо аз онҳо шикоят мекард, рад карда, гуфт: “Ман ҷараёни ҷамъоварии имзоҳоро мушоҳида мекардам. Дар нисбати Ойниҳол Бобоназарова ҳеҷ гуна фишор ҷой надошт.”

Аммо Бобоназарова зимни муроҷиатномае ба мардуми Тоҷикистон аз вуҷуди қонуншиканиҳо ва монеагузориҳои густурда дар раванди ҷамъоварии имзоҳо суҳбат карда, гуфт, ки ин раванд “бо як қатор қонушиканиҳои ҷиддӣ ва дағали Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.”

Ӯ афзуд: “Дар натиҷа, ба тарзи демократӣ, озоду одилона, бо фароҳам овардани имкониятҳои баробар гузаронидани ин маърака таъмин нагардид.”

Манбаъ: Сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like