«Frееdom Housе» ё “Хонаи Озодӣ” Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои «ғайриозод» мебинад. Дар гузориши солонаи худ ин созмон Тоҷикистонро дар миёни 199 кишвар дар мақоми 179 қарор додааст.
Бино ба гузориши тозаи “Хонаи Озодӣ” вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон рӯ ба вахомат овардааст, ки ин сабаб шуд, Тоҷикистон нисбати соли қаблӣ 4 зина пойин равад. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 Тоҷикистон аз миёни 197 кишвар дар озодии матбуот дар ҷойи 175-ум қарор дошт.
Тавре ин созмон гузориш медиҳад, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъи озодии баён дар Узбакистону Туркманистон бисёр бад буда, дар зинаи 197-ум қарор доранд. Ва танҳо вазъи озодии баён дар Кореяи Шимолӣ аз ин ду кишвар бадтар дониста мешавад.
Ахбори созмон нишон медиҳад, ки бо вуҷуди ин ҳама сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистон беҳтар аз Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон аст, ки мутаносибан дар мақоми 181, 185 ва 188 қарор гирифтаанд. Мақоми ба даст овардаи Тоҷикистон бадтар аз Покистон, Ироқ, Қирғизистон, Афғонистон ва Арманистон аст.
Дар ин гузориш муаллифон ибрози назар мекунанд, ки дар тамоми кишварҳои дунё вазъи озодии баён хеле бад шуда, аз 199 кишвари дунё 63 мамлакат чун кишварҳои озод, 71 давлат қисман озод ва 65 давлати дигар ғайриозод дониста шудаанд.
Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” пас аз Интихоботи парлумонӣ низ дар соли ҷорӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буданд.
Ба гуфтаи хабарнигорон вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нисбати чанд сол қабл рӯ ба вахомат ниҳода, дар нашрияҳо пайдо кардани матолиби “ҷолиб” мушкил аст. Ҳатто ҳаст ҳоластҳое, ки баъзе аз сардабирони нашрияҳо ба хотири ҳифзи манофеи тиҷории худ аз чопи мавзуҳои интиқодӣ, ки барояшон мушкил эҷод мекунад, худдорӣ мекунанд.
Ба назар мерасад масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ имрӯзҳо баҳонаи аслии эҷоди маҳдудиятҳо дар кишварҳои минтақа мебошад. Дар ҳоле, ки худи ин падида аслан зодаи маҳдудият ва фишору набудани озодист.