Саидвалӣ Маҳмадҷонов бародари Сайъалӣ Маҳмадҷонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Раштро кормандони Шӯъбаи КДАМ дар ноҳия даъват карда, аз ӯ талаб кардаанд, ки аз аъзогӣ даст кашад, дар ҳоле, ки ӯ аъзои ҲНИТ намебошад. Дар ин бораи худи раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ “бародарам омӯзгор мебошад ва аз ӯ талаб доранд, дар ҳоли даст накашидан аз аъзогӣ ӯро тӯҳмат хоҳанд кард. Бародарам дар мактаби ноҳия аз фанни таърихи ҳуқуқ дарс мегӯяд ва кормандони шӯъба ба ӯ гуфтаанд метавонд тӯҳмат кунанд, ки дар вақти дарс аз ҲНИТ истифода мебарад.”
Каме баъдтар дар як тамоси телефонӣ Сайъалӣ Маҳмадҷонов таъкид намуд, ки бародарам аз шӯъбаи амният баромада, аризаи аз кор рафтанашро ҳам ба мактаб пешниҳод кардааст. Ӯ мегӯяд бародараш ба он хотир аризаашро навиштааст, ки дигар ба ӯ кордор нашаванд ва ба ӯ туҳмат накунанд, ки дар дарсҳо таблиғи ҲНИТ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар мактабҳои мо муаллим намерасад ва камбуди муаллим яке аз мушкилоти аслии маориф ва ҷомеаи мо мебошад. Ҳоло савол ин аст, ки чунин муносиба бо аъзо ва ҷонибдорони як ҳизб чӣ маъно дорад? Магар аъзрву ҷонибдорони ҲНИТ шаҳрвандони ин сарзамин нестанд? Агар онҳо ҳуқӯқи дар мактабу донишгоҳ ва дигар соҳаҳо кор карданро надошта бошанд бояд чикор кунанд?