Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, рӯйхати 202 ҳазор нафари муҳоҷири беруншуда танҳо дар сохторҳои мо вуҷуд дорад.
Мақомоти зидахли Русия рӯйхати нави шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки вуруди онҳо ба ин кишвар манъ аст, дар ихтиёри Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон қарор додааст. Тавре Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин ниҳод мегӯяд: Ин рӯйхат маълумоти нав, яъне то 7-уми июли соли 2014-ро дар бар мегирад, ки дар он 202 ҳазор нафар шаҳрманди мо шомил аст.”
Қобили қайд аст, ки махзани маълумоти ягона дар фурӯдгоҳи Домодедово ва дигаре аз фурудгоҳҳои Русия ташкил шуда, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми надоштани иҷозаи вуруд, аз ҳисоби риъоя накардани қоидаҳои будубош, саривақт бақайд нагирифтан, нагирифтани иҷозати кор ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ, нагирфтани патент ҳангоми фаъолият дар бахшҳои хусусӣ ва хоҷагиҳои коммуналӣ, пардох накардани андози ҷои зист, нодуруст нигоҳ доштани нақлиёт дар ҷойҳои муайян ва истифода накардани тасмаи бехатарӣ ҳангоми ронандагӣ, ба қайд гирифтан дар хонаҳои «резинӣ» ва дигар масоиле, ки тибқи қонунгузории Русия манъ ҳаст, аз сӯи сарҳадбонони Русия бозпас фиристода мешаванд.
Бо ин мақсад, тибқи супориши Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон як гурӯҳи 30 нафара таъсис дода шудааст, ки мардуми кишварро ба талаботи нави қонунгузории Русия шарҳ медиҳанд, мегуяд манбаъ.
Мақсад аз ташкили ин гуна гурӯҳҳо гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо фаъолон ва муҳоҷирон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон оид ба талаботи нави қонунгузориҳои Русия дар самти муҳоҷират мебошад.
Ба ҳар ҳол, чунин ба назар мерасад, ки масъулини кишвар фаҳмонидани як қонунеро аз Русия миёни мардум анҷом надодаанд, ки ҳамин қонун тағйир пайдо мекунад ё қонуни дигаре пайдо мешавад. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон маҷбур аст, ки мисли «пожарная команда» фаъолияти хешро ба роҳ монад, ило аксари онҳое, ки маҷбурият ба муҳоҷират бурдааст, аз ин «имконият»-и дарёфти пораи ноне ҳам маҳрум мемонанд.
Categories
Ахбори рӯз