Дар ин рӯзҳо нишастҳои матбуотии вазорату кумитаҳои ҳукумат ҷараён доранд ва аз муваффақу номуваффақии ҳукумати феълӣ сару садоҳо хеле зиёданд, агарчи дар суолу посухҳо ҳоло ин чиз ба мушоҳида нарасидааст.
Тарафдорони ҳукумат Тоҷикистонро як гуна гулистону кишвари биҳиштосо мегӯянд ва аз хушомадгӯӣ ва таърифу тамҷиди зиёд, он ҳам хориҷ аз меъёри ҳукумати феълӣ ибое надоранд. Агар кӯчактарин биное сохта шавад, хоҳ мактаб бошад ё варзишгоҳ, ВАО-и ҳукумат таблиғоти шадидеро роҳандозӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон созандагӣ ва пешрафт вуҷуд дорад.
Баръакси ин қисмате аз баҳскунандагон амалкарди Ҳукумати Тоҷикистонро номуваффақ, кисапуркунӣ ва бар зарари манофеъи миллӣ медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат тули солҳои зиёди фаъолияти худ ҳеҷ дастоварде надоштааст, агар коре сурат гирифта бошад ҳам, он қаноъатбахш нест ва чизеро тағйир надодааст, ки кишварро ба рушду тараққӣ оварда бошад.
Вале бояд бетарафу беғараз буд ва ба амалкарди ҳукумати феълӣ, ки 23 сол аз умри он мегузарад, баҳои холисона дод.
Муҳимтарин бурди ҳукумат таъмини амнияту оромӣ дар дохили кишвар аст, ки онро бояд таъкид кард. Чунончи, инак шаҳрванди Тоҷикистон ҳар соате дар шабонгоҳ дар кӯчаҳо танҳо қадам занад ҳам, касе ба ӯ кор надорад, агар баъзе аз ҳодисаҳои даҳшатнок, аз ҷумла кордзаниҳоро истисно намоед, вале ин раванд хусусияти афзоянда пайдо кардааст. Инчунин ҳаводиси Хоруғ ва Ворухро ҳам бояд илова кард, ки дар тағйири афкори ҷомеъа бетаъсир набудаанд. Вале чунин ҳодисаҳо танҳо хоси Тоҷикистон набуда, дар тамоми кишварҳои дунё сар мезанад, ҳатто Русия ва Амрикои қудратманд ҳам наметавонанд аз сар задани ҳодисаҳои нохуш дар кишвари худ пешгирӣ намоянд, агарчи вақте хабарҳое паҳн мегарданд, ки террористон фалон метроро дар Русия тарконданд ва ё шахсе дар Амрико 11 мактабхони мактаберо ба қатл расонид. Ин ҳам оқибати кишваре, ки дар он ҳамли силоҳ озод аст. Дар мавриди ҳодисаҳои алоҳида дар қаламрави Исфара, ки доимо танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯй медиҳад, пешгирии он бисёр душвор гаштааст. Воқеъият ин аст, ки агар музокироти тарафайн ба аломатгузории марзҳои муштараки ду кишвар мунҷар нашавад, даргириҳо натанҳо идома, ҳатто зиёд шуданашон ҳам мумкин аст. Пас оё ҳодисаи Ворухро метавон бохти ҳукумат донист?
Бубинед, байни ду давлат дар Корея ингуна ҳодисаҳо пайваста рӯй медиҳанд, дар баъзе ҳолатҳо миёни Узбакистону Қирғизистон низ. Бадахшон ҳам аз номаш пайдост, ки як гуна мухториятҳое дорад ва бояд ин қисмати талаботи конститутсионӣ бояд риоя шавад. Аз дигар сӯ, Бадахшон ҳаммарз бо Бадахшони Афғонистон аст ва пайдо шудани даргириҳо дар ин минтақа амри табиист.
Аммо афзоиши равобит бо кишварҳои ҷаҳон хубанд, вале онро дастовард гуфтан маънӣ надорад. Чун вазифаи ҳар ҳукумате барқарории равобит бо кишварҳои ҷаҳон аст ва равобите, ки Тоҷикистон бо бисёре аз давлатҳои ҷаҳон дорад, агар боиси беҳбуд ёфтани рафту омади шаҳрвандони кишвар шуда бошад ҳам, таъсир расонидани онро ба пешрафти Тоҷикистон танҳо дар дурнамо маълум кардан мумкин аст. Зимни таҳлил хулоса мешавад, ки робита ва ҳамкориҳо бо чӣ кишваре дар пешрафти Тоҷикистон таъсири мустақим доштаанд ва авлавият додан ба чунин як равобит бо давлати алоҳидаро метавон аз ҷумлаи дастовард зикр кард.
Аксари кулли сохтмону барқарорсозиҳо, ки дар Тоҷикистон сурат мегиранд, бо маблағгузориҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ва қарзҳои дигар давлатҳост, агар ҳукумат саҳми пулие дошта бошад ҳам, он бисёр ночиз аст.
Гузашта аз ин, сохтани ин ҳама иншооти мухталиф ва меҳмонхонаву қасру гулгаштҳо танҳо симои шаҳрро зебо кардаанд, инро ҳам метавон дар ҷумлаи вазифаҳои ҳукумат донист, ки заҳмат кашидаву ин сохту созҳоро анҷом додааст. Вале ин сохту созҳоро каме берунтар аз маркази шаҳри Душанбе, дар канораҳои он ва навоҳии атроф дидан имкон надорад.
Дар 6 моҳи имсол аз ҳисоби туризм ба буҷаи кишвар танҳо 37 миллион доллар ворид шудааст, ки ин хеле кам аст, чунки туризм дар бисёре аз кишварҳо аз ҷумлаи бахшҳои даромадзост ва Тоҷикистони мо ҳам имкониятҳои фаровонеро дар худ дорад, аммо ин бахш ҳоло чандон муваффақ набудааст.
Дастоварди дигари ҳукумат раҳосозии кишвар аз бунбасти коммуникатсионист ва аз он чашм пӯшидан ноҳаққӣ мебуд. Манзур танҳо сохтани роҳу нақбҳо нест, агар ин нақбҳо роҳи автомобилгардро беҳбуд бахшида бошанд ҳам, алоқаҳои мобиливу интернетӣ ҳам ба коммуникатсия дохил мешавад, ки дар ин самт пешрафти назаррасеро кишвар ноил гардидааст. Фароҳамоварии алоқаи мобилӣ дар мо аз 100% ҳам бештар мебошад, дар ҳоле ин нишондод ҳатто дар Русия ба 100% намерасад.
Бо вуҷуд, мутаассифона, бохтҳои ҳукумат бештар аз дастовардҳои он аст. Бохти аввалин афзоиш ёфтани омилҳои маҳалгароӣ, коррупсия, мансабфурӯшӣ мебошанд. Дигаре аз бохтҳои муассир ба истиқлолияти энержӣ нарасидани кишвар аст, дар ин радиф фароҳам насохтани фазои муносиби сармоягузорӣ. Корҳое аз ҷониби ниҳодҳои алоҳидаи давлат анҷом мегиранд, ки натанҳо сармоягузори хориҷиро аз маблағгузорӣ дилсард месозанд, ҳатто соҳибкорони дохилӣ рӯ ба гурез овардаанд. Саҳмгузории иддае аз онҳо дар дохили кишвар дар пояи маҷбурият аз ҷониби ҳукумат анҷом мегиранд.
Бохти ҳукумат дар арсаи берунӣ ҷойгоҳ ва мавқеи муносиби иқтисодиву дипломатӣ касб накардан аст. Иҷораи бепули нирӯгоҳи “Окно” ва пойгоҳи низомии Русия яке аз омилҳоест, ки нуфуз ва эътибори Тоҷикистонро ба шиддат поин бурдааст. Муҳоҷиратро ҳамчун аҳроми фишор истифода карда тавонистани Русия, боқӣ мондани сардӣ дар муносибатҳо бо Узбакистон, ки натиҷаи он боқӣ мондани Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ гаштааст, аз муваффақ набудани дипломатия дар кишвар далолат медиҳад. Бо омадани вазири нав дар Вазорати умури хориҷӣ ҳам кадом нишонаҳои беҳбуд бахшидани фаъолияти дипломатиро то ба ҳол зоҳир насохтааст.
Шикасти мавқеи иқтисодии Тоҷикистон ва мувоҷеҳ шудани “Талко” ба як баҳси байналмилалии иқтисодӣ-коррупсионӣ ҳам дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонро имкон надодааст. Содироти пахтаву алюминиюм хеле маҳдуд гаштааст.
Бинобар ин, агар дастоварди ҳукуматро ба бозиҳои варзишӣ дар қиёс қарор диҳем, фаъолияти онро метавон ҷои савум ва ба медали биринҷӣ сазовор донист.
Шуҳрат Набиев