Categories СИЁСАТ

Мухолифати навбатии ҳукумати ноҳияи Рудакӣ ба фаъолияти Наҳзат

Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ дар ноҳияи Рудакӣ ба дархости масъули бахши ҲНИТ-и ин ноҳия дар мавриди мусоидат расонидан дар баргузории маҳфили ҳизбӣ бо имзои муъовини раиси ҳукумати ноҳия посух гардонида, доир намудани маҳфилеро зери номи «Зиндагӣ ва фаъолияти Паёмбар (с)» хилофи қонун донистаанд.

Таври маълум, соли гузашта, ҳатто макони баргузории чунин маҳфилро тавассути нерӯҳои пулис муҳосира ва ҳозирини он нишастро пароканда сохта буданд. Дар заминаи ин «иқдоми пулис» раёсати бахши ҳизб аз қонуншикании онҳо унвонии прокуратураи ноҳия шикоят бурда буд, вале то ба имрӯз дар ин бора посухеро дарёфт накардааст.

Аҷиб он аст, ки ҳукумат ҳар барномаеро, ки бахши ҲНИТ дар ноҳия амалӣ кардан мехоҳад, онро бо далили динӣ будан манъ медорад. Оё Наҳзат ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ дар мавриди зиндагӣ ва рӯзгори Паёмбар (с) ҳамчун намунаи нодири ахлоқ ва мунҷии башарият маҳфил ё нишастеро доир карда наметавонад?

Ин иқдоми мақомот дар ҳолест, ки аз афкори Марксу Ленин ва инсонҳои дигаре аз ин қабил, ки комилан аз фарҳанги ҷомеъаи мусалмонӣ дуранд, нишасту гуфтугузорҳоро раво мебинанд. Иштибоҳ ва тангназарии мақомоти кишвар дар он аст, ки фаъолияти Паёмбар(с)-ро танҳо динӣ медонанд, дар ҳоле ки фаъолияту афкори ӯ сиёсатро дар тамоми ҷаҳон тағйир додаст.

Имрӯз душманони Ислом ҳам аз рӯзгору фаъолияти ҳазрати Муҳаммад (с) сабақ меомӯзанд, аммо дар кишвари мо ин гуна сабақ гирифтанҳоро ё мамнуъ медоранд ва ё хоси чанд масҷинишине медонанду бас, он ҳам барои як ҳафта.

More From Author

You May Also Like