«Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва албатта, аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва шуморо низ супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш»! (сураи «Нисо», 131)
Тарси содиқона аз Худо яке аз эҳсосоти гаронқимат ва ҳаяҷонангезест, ки танҳо мӯъмини ҳақиқӣ метавонад онро ҳис намояд. Тақво поя ва омили ҷудоинопазир аз хубист. Худованд мефармояд, ки эй мардуми шариф огоҳ бошед, ки рафтор ва хулқи наҷиб ҳамвора асоси тамаддунҳои бузурги гузашта будааст ва ин асос барои ҳамаи тамаддунҳо то рӯзи Қиёмат боқӣ мемонад. Маҳз ҳамин рафтору хулқи хуб аз ҷониби дини мубини Ислом талқин карда мешавад.
Яке аз бузургтарин усули исломӣ, даъват ба меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ нисбат ба дигар мусалмонон аст. Бешубҳа, чунин нигариш як масири мустақим ба фатҳи қалбҳои инсонҳо мебошад. Набояд фаромӯш кард, агар раҳмат аз мардум нопадид гардад, вуҷуди мусолиматомез низ аз байн меравад, ки бозгашт ба даврони гузаштаи ҷоҳилият аст.
Адами рахмат дар даврони ҷоҳилият
Таърих барои мо мисолҳои зиёде аз бераҳмии ғайриинсонӣ боқӣ гузоштааст. Чунин амалкард аз вижагиҳои бисёре аз мардуму миллатҳо дар гузашта буд. Инро дар як мисол аз мардуми Хандақ бубинем, чуноне Худованд ёдрас мекунад: «Марг ба соҳибони он Хандақ! Оташе афрӯхта аз ҳезумҳо, он гоҳ, ки бар канори он (хандақи пур аз) оташ нишаста буданд ва он чӣ бар сари мӯъминон меоваранд, шоҳид буданд (тамошо мекарданд). Ва ҳеҷ айбе дар онҳо наёфтанд, ҷуз он ки ба Худои ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд», (сураи «Буруҷ», 4-8).
Шайх Абдурраҳмон ас-Саъдӣ дар тафсири ин оятҳо менависад: Як вақтҳо қавме зиндагӣ мекарданд, ки ба паёми Худо имон наоварда буданд. Дар байни онҳо мӯъминон низ буданд. Кофирон аз онҳо талаб карданд, ки ба мазҳаби бобоии худ бозгарданд, аммо мӯъминон ин талабро рад карданд. Сипас кофирон хандақи чуқур канда, онро аз ҳезум пур намуда, оташ афрӯхтанд. Дар атрофи он хандақ истоданд ва аз мӯъминон боз талаб карданд, ки аз динашон бозгарданд, вагарна онҳоро ба оташ мепартоянд. Касонеро, ки аз динашон гаштанд, озод карданд ва боқимондаҳоро ба коми оташ ҳаво доданд. Ин як таҷаллии бузурги душманӣ ба Худо ва мӯъминон буд, барои ҳамин Худованд он халқро лаънат кард ва кофиронро нобуд сохт.
Худо ба мо инчунин дар хусуси Фиръавн ва онҳое, ки аз сабаби имондории худ дар замони ҳукмронии Фиръавн муҷозот шуданд, хабар медиҳад: «Фиръавн дар он сарзамин бартарӣ ҷуст ва мардумашро фирқа-фирқа сохт. Фирқаеро хор медошту писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ӯ аз фасодкорон буд», (сураи «Қасас», 4).
Ва инчунин хабар медиҳад: «Ва қавми Фиръавн, он дорандаи мехҳо, онҳо дар шаҳрҳо аз ҳад таҷовуз карданд ва дар онҳо бисёр фасод карданд. Ва Парвардигори ту тозиёнаи азобро бар сарашон фуруд овард. Зеро Парвардигорат дар камингоҳ аст» (сураи «Фаҷр», 10-14).
Ва Худованд таъкид мекунад: «Хонадони Фиръавн ӯро (Мусоро) ёфтанд (вақте модараш ӯро бо ваҳйи Худованд ба дарё андохта буд), то душманонашон ва сабаби андӯҳашон гардад, Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон хато мекарданд», (сураи «Қасас», 8).
Ва дар ҷои дигар мегӯяд: «Ва ононро (Фиръавн ва ёронашро) аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон накунад. Дар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд», (сураи «Қасас», 41-42).
Худованд дар хусуси бани Исроил низ дар бисёр маврид ба мо хабар додааст: «Ва ба ёд оред (эй бани Исроил) он ҳангомро, ки касеро куштед ва бар якдигар бӯҳтон задед ва низоъ даргирифтед ва Худо он чиро, ки пинҳон мекардед, ошкор сохт», (сураи «Бақара», 72).
«Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест»! (сураи «Бақара», 74)
Худованд лаънат шудани онҳоро шарҳ медиҳад: «Ва аҳли китоб, ҷуз андаке аз онҳо, чун паймонашонро шикастанд, лаънаташон кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз маънии худ тағйир месозанд ва аз он панд, ки ба онҳо дода шуда буд, насиби хеш фаромӯш кардаанд ва ҳамеша аз корҳои хоинонаашон огоҳ мешавӣ. Афвашон кун ва аз гуноҳашон даргузар, ки Худо некӯкоронро дӯст медорад», (сураи Моида, 13).
Пайғамбар (с) ба он хотир фиристода шуда буд, ки ахлоқи моро такмил диҳад ва инсониятро ба роҳи рост бозгардонад. Хулқи Муҳаммад (с) барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст. Худованд дар бораи ахлоқи ҳабибаш гуфтааст: «Ба ростӣ, ки туро хулқе воло аст», (сураи «Қалам», 4).
Дар хусуси роҳнамоии Муҳаммад(с) дар Қуръон чунин омадааст: «Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худой таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад», (сураи «Оли Имрон», 159).
«Албатта, паёмбаре аз худи шумо бар шумо фиристода шуд, ҳар он чӣ шуморо ранҷ медиҳад, бар ӯ гарон меояд. Сахт ба шумо дилбаста аст ва бо мӯъминон мушфиқу меҳрубон аст», (сураи «Тавба», 128).
Боиси таассуф аст, ки бисёре аз инсонҳо бо рӯҳияи Ислом шинос нашуда, аз таълимоти асили он инҳироф кардаанд. Онҳо касонеанд, ки ҳар корро танҳо барои манфиъати шахсии худ анҷом медиҳанд. Чунин афрод танҳо дар паи дарёфти қадру қимат ва манзалат, ифтихору қудрат дар ин дунё мебошанд.
Агар ҳар як мусалмон пеш аз он, ки дар хусуси худ фикр кунад, дар хусуси дигар муслимин фикр мекард, мо дар роҳати комил ва амният зиндагӣ мекардем. Чуноне Расули Худо (с) моро даъват кардааст: «Мӯъминоне, ки наздиконашонро дӯст медоранд, муроқибат ва нигаронӣ дар мавриди онҳо доранд, меҳрубон ва дилсӯзи якдигаранд, ба монанди узвҳои як бадананд. Агар як қисмати бадан дард кунад, тамоми бадан дардро эҳсос мекунад», (Муслим).
Дуъо мекунем, ки Худованд моро раҳмдил ва инсондӯст гардонад, омин.
Бобои Шарофиддин