Ҳуқуқдони саршиноси тоҷик таъкид кардааст, ки вуҷуди миллионҳо коргари муҳоҷири Тоҷикистон дар хориҷ барои ин кишвар фоҷиа аст.
Ба гузориши “Садои Олмон”, дуктур Ойниҳол Бобоназарова интиқоли аҷсоди 1055 коргари муҳоҷири тоҷикистониро дар соли 2012 аз Русия ба кишвар “фоҷиаи иҷтимоӣ” арзёбӣ кардааст.
Вай муътақид аст, ки бояд ҳисоби давлат ва бонкҳои Тоҷикистон, ки аз маблағҳои ирсолии ин афрод даромади калони молӣ ба даст меоваранд, сандуқи ҳимоят аз хонаводаҳои коргари муҳоҷир ва кӯмак ба шаҳрвандони осебдида таъсис шавад.
Зеро танҳо як дарсад аз суди молии бонкҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои коргарони муҳоҷир фаъолият мекунанд, беш аз 150 ҳазор доллар хоҳад буд.
Ба ақидаи вай, давлат барои ҳалли ин мушкил бояд бо решакан кардани фасод ва ришвахорӣ дар идораҳову барномаҳои иштиғолзоӣ, дар дохили кишвар ба фароҳам намудани шароити ҷазби сармоягузории хориҷӣ иқдом кунад.