Categories ҶОМЕА

М.Кабирӣ дар ҳамоишу конфронси байналмиллалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон баъд аз анҷоми «Форуми Алҷазира», ки рӯзҳои 26-28 дар шаҳри Доҳаи Қатар доир гардид, дар конфронси байналмилалии “Ҷаҳони Ислом ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ” ширкат карда, суханроние ҳам доштааст. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази мутолеъоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Туркиё рӯзи 29-уми май дар шаҳри Истамбул ба кор оғоз карда, дар назар аст имрӯз 31-уми май анҷом пазирад.
Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар конфронси Истамбул ҳайате аз Наҳзат ҳамроҳӣ мекунад.
Тавре аз Истамбул хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси мазкур суханронии пурмуҳтаво дошта, диду назари хешро дар мавриди вазъи ҷаҳони ислом, бахусус манотиқи алоҳидаи он матраҳ сохтааст ва аз кишварҳое назири Туркиё, Ирон ва Саъудӣ хоҳиш ба амал оварда, ки дар пайдо кардани роҳи ҳалли мусолиматомези қазияи Суриё талоши ҷиддӣ биварзанд.
М.Кабирӣ аз раванди печида ва мушкили сулҳ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, ишора бар он карда, ки ба даст овардани ин амри хайр кори саҳлу осон набуд, танҳо баъд аз ба шаҳодат расидани беш аз 150 ҳазор сокини кишвар ду ҷониби мутахосим ба сулҳ расиданд, чун оқибати ғалабаи кадоме аз ҷонибҳоро касе пешгӯӣ карда наметавонист. «Ҳолати имрӯзаи Суриё солҳои 90-уми Тоҷикистонро мемонад. Шумораи ба шаҳодат расидаҳо дар ин кишвар беш аз пеш афзоиш меёбад, вале ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳои даргир тарафи муқобили хешро мағлуб карда натавонистанд. Агар қазияи Суриё ба ҳамин минвол идома ёбад, қурбонии афзояндаи мардум оқибати бад дорад. Пас чаро мунтазир бошем, ки куштор ба миллионҳо расаду баъдан баргардем сари пайдо кардани роҳҳалҳои сиёсии қазия?», таъкид доштааст М.Кабирӣ.
Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар идомаи матраҳи диду назари хеш аз ташкилоту созмонҳои ҷомеъаҳо ҷаҳони ислом, ки имкони таъсир ба Суриёро доранд, даъват карда, ки фурсати саҳмгузории худро дар амри ба сулҳ овардани ин кишвар аз даст надиҳанд ва аз фаъолияти зоҳирӣ ва камрангии хеш даст бикашанд.
Чанд рӯз қабл ҳам, тавре дар боло ишора рафт, М.Кабирӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар дар ҳамоише, ки бо ибтикори «Алҷазира» зери номи «Таҳаввулоти ҷаҳони араб: роҳ ба куҷост?» иштирок карда, дар он ҷо диду назари хешро ба воқеъияти вуҷуду фаъолияти гурӯҳҳои терористиву ифротгароӣ ва низомҳои худкома матраҳ сохта, аз ҷумла ишора бар он кард, ки «бузургтарин мушкилии ҷаҳони ислом надоштан ё надидани уфуқи умедворкунандаи насли ҷавон” аст, ки онро дар низомҳои худкома ва диктатории кишварҳои хеш пайдо карда наметавонанд.
М.Кабирӣ ин ҳолати ногувори ҷаҳони исломро ба чунин шакл тақсимбандӣ кардааст:
1. Қудратҳои ҷаҳоние, ки рушд ва пешрафти ҷаҳони ислом ба нафъи онҳо нест, ақибмондаву ноумед боқӣ мондани мусалмонҳо хоҳиши ҳамешагии онҳост.
2. Диктатору низомҳои худкомаи ҷаҳони ислом камтарин озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвари хешро таҳдид ба идомаи қудрати шахсии худ медонанд.
3. Вуҷуди ҳизбу ҳаракат, ҳатто ашхосу равияҳои ифротгаро садди роҳи пешрафти ҷомеъаҳо, интихоботҳои озоду шаффоф ва озодиҳои бештари мардум мегардад.
Раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин гуна ҳаракату созмонҳои ифротӣ ва низомҳои худкома иқрор карда, ки агарчи ин се гурӯҳи дар зоҳир мухолиф, ҳар кадоме зарурати вуҷуди худро дар мубориза бо дигаре мебинад, вале «онҳо амалан ҳамкору шарикони стротежианд, ки бидуни яке вуҷуди дигаре имконнопазир мегардад”.
Ӯ дар ин маврид далиҳоеро низ пеш гузошта, ки имрӯз бештарин кумакҳои сиёсиву иқтисодӣ ва низомиву расонаиро ба диктатору низомҳои худкомаи ҷаҳони ислом кишвару ҳукуматҳое мекунанд, ки шиъори онҳо “тақвияти озодӣ ва демократия дар ҷаҳон аст. Дар ҳоле ки маҳз ҳукуматҳои худкома ва ғайримардумӣ бо пуштибонии хориҷиҳо ва сиёсатҳои ғалати иқтисодӣ ва фарҳангиву динӣ, маҳдуд сохтани озодиву ҳуқуқҳои мардум боиси пайдо ва рушди ифротгароёну террористҳо ва ҷудоихоҳон мегарданд.
Аз тарафи дигар, террористу ифротгароён сохтаву бофтаи низомҳои худкома ва пуштибонҳояшон мебошанд ва бо шиъори “мубориза бо диктатору ҳокимони худкома ва пуштибонҳои байналмиллалии онҳо” ҳазорҳо ҷавони аз зиндагӣ ноумед ва маҳрумро ба доми худ мекашанд.
Дар чунин як бозии хеле нозук ва хатарнок, се гурӯҳи дар боло ишора шуда, миллатҳо ва арзишҳои асили онҳоро қурбон мекунанд. Ин раванд миллатҳо, ба хусус «насли ҷавонро дар ҷаҳони ислом ноумедӣ фаро гирифтаст ва аксари онҳо роҳи ягонаро дар ру овардан ба ҳиҷрат ё эътирозҳои хиёбониву низомӣ мебинанд.

More From Author

You May Also Like