Дар нишасти матбуотӣ С. Наҷмиддинов вазири молия эълон намуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 7,4 фоиз баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009-ум 4,6 фоиз зиёд будааст. Тибқи иттилоои С. Наҷмиддинов маблағи қарзи берунаи Тоҷикистон то якуми июли соли равон як миллиарду 775 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ММД 31,58 фоиз зиёд мебошад.
Categories
Ахбори рӯз