Categories Ахбори рӯз

16 неругоҳи барқӣ обии хурд фаъол шудаанд

Ширкати давлатии Барқи тоҷик аз фаъол шудани 16 неругоҳи барқи обии хурд дар минтақаҳои мухталифи кишвар дар оғози фасли сармо хабар додааст.

Ба гузориши як хабаргузорӣ, ба нақл аз хабаргузории “Авасто”, дар ҳоли ҳозир 12 неругоҳи барқи обии хурд дар кишвар фаъол аст ва то оғози зимистон 4 неругоҳи дигар низ ба шабакаи барқи саросарии Тоҷикистон хоҳад пайваст.

Тибқи хабаргузорӣ, ин 16 неругоҳ, ки дар ихтиёри ширкати давлатии Барқи тоҷик ҳастанд, аз тавони тавлиди 11 МВт барқ бархӯрдор мебошанд ва танҳо дар фасли зимистон, ки дар Тоҷикистон буҳрони камбуди шадиди барқ оғоз мешавад, фаъолият мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши ин ширкат, дар Тоҷикистон 316 неругоҳи барқи обии хурд бо тавони тавлиди 25 МВт барқ сохта шудааст, ки танҳо 60 адад аз ин неругоҳҳо фаъолият мекунанд.

Коршиносони умури энержӣ далели аслии ғайрифаъол будани ин неругоҳҳо дар Тоҷикистонро ғайристандартӣ будани таҷҳизот ва муҳосиботи нодуруст аз мизони оби воридотӣ ба ин неругоҳҳо дар фасли сармо медонанд.

Аксари ин неругоҳҳо бо сармоягузории мардум дар минтақҳои рустоии Тоҷикистон сохта шудаанд ва қарор аст камбуди барқ дар фасли сарморо ҷуброн кунанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон дар бархе аз минтақаҳои рустоии кишвар барқдиҳӣ кам ба назар мерасад.

More From Author

You May Also Like