Categories ҶОМЕА

Зоиров ба додситонӣ шикоят мекунад

Раиси ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон қасд дорад аз иқдоми гурӯҳе, ки дар нишасти хабарии вай, дар рӯзи 10 декабр ошуб карда буданд, ба додситонӣ шикоят кунад.

Ба гузориши хабаргузориҳо, Раҳматулло Зоиров дар пайи вуруди худсаронаи гурӯҳе ношинос, ки аксаран зан буданд, ба дафтари ин ҳизб ворид гашта ва монеъи нишасти хабарӣ, ки дар робита ба ҳаводиси охири кишвари Украина буд, шуданд ба додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шикоят хоҳад кард.

Вай гуфтааст, ки ин афрод муддаъӣ шудаанд, ки раиси Ҳизби сотсиал – демократ Тоҷикистон дар хориҷ ҳамеша аз сиёсатҳои раисҷумҳури кишвар интиқод мекунад ва қасд дорад оромиш ва амнияти ҷомеаро ба ҳам бизанад.

Нишасти хабарии раиси ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон барои пешгирӣ аз эҳтимоли даргирӣ бо ин афрод, ки дар миёни онҳо кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо либоси шахсӣ низ ҳузур доштанд, лағв шуд.

Дар ҳамин ҳол, Абдуназаров, муовини раиси ҳизби мазкур ин ҳодисаро иқдоме аз пеш барномарезишуда аз тарафи мақомоти давлатӣ унвон кардааст, ки қасд доштанд аз нишасти хабарии Зоиров пешгирӣ кунанд.

More From Author

You May Also Like