Пас аз онки фишорҳо болои аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ афзоиш ёфтанд масъулони ҳизб ба Прокуратураи Генералӣ, ВКД ва дигар ниҳодҳо шикоят намуданд ва тасмим гирифтанд, ки ба КДАМ низ шикоят намоянд. Зеро ба гуфтаи аъзои ҳизб дар навоҳии кишвар дар ин раванд мақомоти ин ниҳод низ ширкат доштаанд. Дар зер матни комили ин муроҷиатнома нашр мешавад.
Ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Генерал-лейтенант Ятимов С. С.
Мӯҳтарам Саймумин Сатторович!
Тавре огоҳед, имрӯзҳо фазои Тоҷикистонро бӯҳрони беқонуниятӣ, зулм ва фишор фаро гирифта, умед ба ояндаи нек ва ҷомеаи адолатпарвару қонунмеҳварро аз шаҳрвандон салб намудааст. Ҳамагон хуб медонанд, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ медонад, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир мешуморад ва давлат бояд ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ҳамчунон Сарқонуни ҶТ ба шаҳрвандон ҳуқуқ додааст, то дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби характери динидошта иштирок намоянд, ихтиёран ба онҳо дохил ва ихтиёран аз онҳо хориҷ гарданд…
Шумо хуб медонед, ки манзур аз ин сатрҳо ва ҳарфҳо дар чист? Зеро аксари қонуншиканиҳо ва зулму фишор дар ҳаққи шаҳрвандон ва махсусан аъзову ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ниҳоде роҳандозӣ кардааст, ки таҳти сарпарастии Шумо қарор дорад. Дар ибтидо гумон бар ин буд, ки шояд ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ иқдомоти инфиродии шахсони масъул дар КДАМ буда, аз рӯи ҷаҳлу ғурур ва надонистани вазифаву салоҳият ва рисолати корманди амният сурат мегиранд. Аммо раванди ҳаводиси баъдӣ шаҳодат медиҳад, ки ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ тарҳрезишуда ва барномавӣ сурат мегиранд. Дар ҳоле, ки мувофиқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният”, ва моддаҳои 1 ва 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти амнияти ҶТ”, усулҳои асосии фаъолияти ин мақомот бояд бар асоси эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният, беҳизбӣ,башардӯстӣ ва баробарӣ дар назди қонун роҳандозӣ гарданд.
Мутаассифона, ниҳодҳои маҳаллии КДАМ бар хилофи моддаҳои 5, 8, 14, 17 ва 28 Сарқонуни ҶТ ва меъёрҳои пешбиникардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” фаъолият намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд-аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври ошкор поймол сохта истодаанд. Намунае аз ин фишорҳо дар замима ба Шумо пешниҳод мегардад, то дар асоси моддаи 9-уми Қонуни ҶТ “Дар бораи амнияти миллии ҶТ”, ки дар ҳоли даст ба чунин қонуншиканӣ, поймол ва маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон задани кормандони мақомоти амнияти миллӣ, роҳбари ин мақом бояд барои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, бартараф намудани қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканҳо иқдом намояд.
Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин сатрҳо аз тарафи Шумо холисона пазируфта шуда, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз беэҳтиромӣ ба қонунгузорӣ ва аз байн бурдани фазои нобовариву беэътимодӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Номгӯи фишорҳо дар ҳаҷми 6 (шаш) саҳифа замима карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Муовини аввали раиси Ҳизби
наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳисайнов У. Ф.