Categories Uncategorized

Сулҳи Филиппин бо мусулмонон

Ҳукумати Филиппин тасмим дорад бо Ҷабҳаи озодихоҳи исломии «Моро» тавофуқномаеро ба имзо расонад, ки ба кашмакашиҳои чандинсолаи худ хотима мебахшад.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, раисҷумҳури Филиппин Банигно Акино зимни суханронии хеш дар телевизиони миллии ин кишвар рӯзи ҷумъа чунин гуфтааст: «Ин тавофуқнома роҳеро барои сулҳи пойдор дар Минданао ҳамвор намуда, тамоми гурӯҳҳои мухолифро зери як парчам қарор медиҳад. Аз ин ба баъд Ҷабҳаи озодихоҳи исломии «Моро» як кишвари алоҳида нахоҳад талабид».

Сафири Филиппин дар Молайзия, Эдуардо Малайя мегӯяд ин тавофуқ муваффақияти бузурге барои тамоми мазоҳиби кишвараш хоҳад буд. Аз ҷумла барои филиппинҳо, мусулмонон ва масеҳиён.

Бояд гуфт, бар асоси ин тавофуқнома мақомоти Филиппин як минтақаи худмухтореро дар Минданао, дуюмин ҷазираи бузург дар шарқи ин кишвар таъсис хоҳад дод, ки зери раҳбарияти мусулмонон қарор мегирад.

Манбаъ меафзояд қарор аст, тавофуқномаи мазкур дар санаи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар Манила, пойтахти кишвари мазкур ба имзо расад.

Ин дар ҳолест, ки ҷабҳаи озодихоҳи исломии “Моро” аз аввалҳои даҳаи 70-ум барои истиқлоли худ мубориза мебарад.

More From Author

You May Also Like