Categories Интихобот

Муроҷиатнома унвонии Президент…ва конфронсҳо

23 январи соли ҷорӣ
конфронси бахшҳои ҲНИТ дар навоҳии Ашт ва Панҷакент барои пешбарии номзадҳо ба вакилии
маҷлиси шаҳриву ноҳиявӣ баргузор
гардида мавриди барраси қарор гирифт. Аз
тарафи вакилон дар ноҳияи Ашт 3 нафар номзад ба ҳавзаи маҷлиси
вилоятӣ ва 24 номзад ба ҳавзаи маҷлиси ноҳиявӣ, дар ноҳияи Панҷакент 7 номзад
ба ҳавзаи маҷлиси вилоятӣ ва 24 номзад ба ҳавзаи маҷлиси шаҳрӣ пешниҳод гардид.

Дар ноҳияи Ашт дар кори конфронс намояндаи мақомоти
иҷроияи ноҳия Мамадҷононов Зафар ва намояндаи комиссияи ноҳиявии интихобот
Ҷамолов Баҳодур ширкат варзида, намояндаи мақомот суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми конфронс вакилон унвонии Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, Прокурори Генералии ҶТ, раиси ҲНИТ, раиси ҳукумати
ноҳияи Ашт ва прокурори ноҳияи Ашт дар робита ба фишор ва тазъйиқҳое, ки ахиран
болои аъзои ҳизб дар остонаи интихоботи қарибулвуқуъ ба вуқуъ пайваст, аз
ҷумла, ҳабси панҷ то даҳрӯзаи бархе аъзои ҳизб, муроҷиатнома қабул кардаанд.

More From Author

You May Also Like