Ба иттилои «Down», Ориф Каримов гуфтааст, на танҳо Ӯзбакистон ҷиҳати сохтмони ин хатти баландшиддати интиқоли барқ зид аст, балки дигар ҷамоҳири поёноб, аз қабили Қазоқистону Туркманистон низ бо Тоҷикистон дар робита ба сохтану истифода додани он ҳамраъй нестанд. Ориф Каримов гуфтааст: «Ӯзбакистон дар робита ба истифодаи об бар асоси меъёру ҳуқуқҳои байналмилалӣ мавқеъ мегирад. Ӯзбакистон аз кишвари болооб даъват ба амал меорад, то нисбат ба сохтмони азими ҳидроэнержии худ «Роғун», ки «CASA- 1000» аз он сарчашма мегирад, санҷиши асароти зистмуҳитӣ ва фаромарзӣ анҷом диҳад».
Дар ин дидораш дипломати ӯзбак гуфтааст, мавқеъи Покистон ҳамчун давлати воридкунандаи нерӯи энержии кишварҳои болооб мумкин аст, василае шавад дар ҳалли баҳси оби Осиёи Марказӣ ва ин кишвар пиёдасозии лоиҳаҳои минтақавиро дар асоси сулҳ ва ризоият асос гузорад.
Таври маълум, Ӯзбакистон шурӯъ аз оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар мавқеи акс қарор дорад ва бо истифода аз василаҳои гуногун талош ба он менамояд, ки ҳарчи бештар садгузории Тоҷикистонро ҷиҳати пиёда сохтани иқдомоташ дар робита ба сохтмони «Роғун» қавӣ намояд. Бинобар ин Ӯзбакистон баҳонаҳои гуногунро пеш меорад, то сохтмони НОБ – и ҷадиди Тоҷикистон ҳадди ақал ба таъхир уфтад. Хушкшавии баҳри Арал, мувофиқат накардани сарбандҳои «Роғун» ва мавзеъи ҷойгиршавии он, беоб мондани заминҳои Ӯзбакистон, зараррасон будани НБО ба муҳити зист, бастани роҳи қатораҳои Тоҷикистон аз баҳонаҳое ба шумор мерафтанд, ки ӯзбакистон ҷиҳати монеасозӣ дар сохтмони «Роғун» аз онҳо кор гирифта буд. Гузашта аз ин Тоҷикистон иқдом намуда буд, то ин НБО ба сарпарастии Русия, ки онро «РусАл» намояндагӣ мекард, сохта шавад, аммо баъд аз як вохӯрии Ислом Каримов бо Олег Дерипаска, сарвари ширкати «РусАл»-и Русия талаботи ин ширкат нисбат ба «подош»-и сохтмони «Роғун» дигар шуд, ки дар чунин ҳол, Тоҷикистон маҷбур шуд, шартномаашро бо «РусАл» дар мавриди сохта ба истифода додани «Роғун» лағв кунад.
11 ноябри солии 2008 дар робита ба ин масъала собиқ сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Латипов гуфта буд, ки бояд Тоҷикистон на бо «РусАл», балки бо Ҳукумати Русия шартнома мебаст. Дар он нишаст сафир, албатта, аз дипломатия кор гирифт ва айбу камбудиро ба худи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳмил кард. Яъне гуфтаи сафир ин маъноро дошт, ки агар Тоҷикистон бо Ҳукумати Русия шартнома имзо мекард, ба чунин ҳол мувоҷеҳ намешуд, аммо ҳукумати кишвар бо «РусАл» шартнома баста буд, кор бо ултиматуму ба фоидаи ӯзбакистон анҷом ёфт.
Ин, албатта, аввалин «удар»-и Ӯзбакистон ба Тоҷикистон буд ва минбаъд ҳам Ӯзбакистон аз ин мавқеъаш кор гирифт. Бояд гуфт, гарчанде «РусАл» бо Ӯзбакистон забон ёфту шартномаи Тоҷикистону ин ширкат лағв гашт, аммо мавқеи Русия то ташрифи президенти федератсия ба ӯзбакистон бобати сохтани «Роғун» норӯшан буд. Баъд аз он ки Дима ба ӯзбакистон омад ва ҷиҳати харидории гази Ӯзбакистон бо Ислом Каримов ба тавофуқ расиданд, Русия аз мавқеи кишварҳои поёноб ҳимоят кард. Муттако ёфтани Ӯзбакистон онро болу пар бахшид ва барои пиёда сохтани аҳдофаш ҷиддитар гом ниҳод.
Инак, сол то сол ҳадафҳои ҳамсоякишвари мо рӯшан шуда истодаанд ва бештар аз ин усулҳои муборизаи он табдил меёбанд, аммо ҳадаф ҳамоно як аст, дигар нашудааст. Гарчанде Ориф Каримов тазаккур додааст, ки боястӣ санҷиши асароти зистмуҳитию фаромарзии «Роғун» анҷом пазирад, вале дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, ӯзбакистон бо ҳамдастии дигар ҷамоҳири поёноб омодааст, барои Покистон дар дарёи Свот НОБ созад. Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон ба ин назаранд, ки ӯзбакистон имкони сармоягузории чунин як НОБ-ро дар Покистон надорад. Эшон далел пеш меоранд, ки вазъи иқтисодии ин ҷумҳурӣ ва аҳолии он хуб нест, аммо бинобар шикасти мақосиди ҳамсоя ва ба даст овардани бозори энержию қудрат дар Осиёи Марказӣ ба ҳама гуна «бозӣ» даст мезанад. Ҳол он ки гуфта мешавад, ӯзбакистон қудрати иҷрои на ҳама гуфтаҳояшро нисбат ба таъмини нерӯи энержӣ дорад. Баъдан ин мавқеъгирии ӯзбакистон дар робита ба сохтани як нерӯгоҳ дар дарёи Свот аз он далолат медиҳад, ки ӯзбакистон ҷуз ба даст овардани бозори энержӣ, ки яке аз манобеъи муфиди Тоҷикистон ба шумор меравад, мақсади дигаре надорад.
Бубинед, агар «Роғун» ҷавобгӯи талабот набошаду сохтмони он қатъ гардад, ӯзбакистон муваззаф аст, ки дар Покистон НБО созад? Не, албатта! Вале ӯзбакистон дар муносибот ва фишорҳояш нисбат ба Тоҷикистон аз рӯйи принсипи «сиёсат воситаро ҳақ мебарорад», амал менамояд. Яъне агарчанд ӯзбакистон имкони иҷрои на ҳама ваъдаҳояшро дорад, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то мавқеъашро аз даст надиҳад. Агар фаротар ҷиҳати ин паҳлӯи «бозӣ» – и ӯзбакистон ҳарф занем, гуфтан хато нест, ки ин кишвар дар масъалаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳам чунин як пешниҳод карда буд, ки метавонад Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин намояд. Аммо тавре дар боло гуфтем, коршиносон мегӯянд, ӯзбакистон чунин қудратро надорад. Ҷиҳати дигари «бозӣ»-и ӯзбакистонро он дар бар мегирад, ки ин кишвар мехоҳад аз номи дигар ҷамоҳири поёноб, хоса Туркманистон мавзеъгирӣ намояд. Яъне ба пиндори ҷониби ӯзбакистон, Турманистон низ ҳамраъй ӯзбакистон аст. Ин мавқеияти ӯзбакистон дар ҳолест, ки чанде қабл президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов иброз дошта буд, ки ҷамоҳири болооб ҳуқуқи даъвои пардохти ҳаққи обро аз кишварҳои поёноб доранд, ки ин алорағми хоҳиши ӯзбакистон аст.
Бояд гуфт, баъзе коршиносон ҳадс мезананд, ки масъалаи об дар Осиёи Марказӣ ба як масъалаи печидае мубаддал гаштааст, ки шояд низоъҳо дар пай дошта бошад. Агар гӯем, ки ишораи ин паҳлӯи масъала низ дар вохӯрии дипломати ӯзбак зикр гаштааст, шояд иштибоҳ накунем. Зеро суханони Ориф Каримов чунин маънӣ доранд, ки Покистон дар ҳалли сулҳомези қазияи об дар Осиёи Марказӣ мусоидат карда метавонад.
Агар сари масъалаи зарари экулужии ин НБО сухан ронем, кофист, ки аз рад шудани иддаои ӯзбакистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ёдовар шавем. Ин бонк тайи як таҳқиқи худ иддаои ӯзбакистонро ҷиҳати зарари экулужӣ доштани «Роғун» рад намуд ва баъд аз ин Иттиҳоди Урупо ҳам нисбат ба мақеъи худ таҷдиди назар кард. Ахиран, Страун Стевенсон, вакили парлумони Аврупо дар мусоҳиба ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, «дар Осиёи Марказӣ камбуди об ҷо надорад. Оби зиёде аз кишварҳои болооб ба ҷумҳуриҳои поёноб сарозер мешавад. Вале истифодаву нигаҳдошти он боис ба камбудии об гардидааст, ки имкон дорад сабаби низоъҳои байнидавлатӣ шавад. Маҳз ҳамин омил боис ба нигаронист ва ман ин нуктаро дар гузориш низ зикр намудаам». Гузашта аз ин вакил гуфтааст, «cамимона мегӯям, ки… нерӯгоҳи «Норак» шабеҳи «Роғун» аст. Сарбанди он 300 метр буда, аз сангу гил иборат аст. Муҳандисони шӯравӣ «Норак»-ро тавре тарҳрезӣ кардаанд, ки сарбанд ба таконҳои замин тобовар мебошад. Шумо медонед, ки минтақаи кӯҳии Помир бо заминларзаҳои зиёд мувоҷеҳ аст… Баландии сарбанди «Роғун» 335 метр хоҳад буд. «Роғун» солона иқтидори тавлиди 3600 мегават нерӯи барқро хоҳад дошт, ки метавонад барои ҳалли мушкилиҳои зиёди Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳояш ёрӣ расонад… Хулоса, ман дар сарбанди «Роғун», ки комилан шабеҳи «Норак» аст, ҳеҷ мояи нигаронӣ намебинам».
Гарчанде мавқеъгириҳои ахир ҳама ба ҷонибдорӣ аз сохтмони «Роғун»-анд, аммо ӯзбакистон ҳоло «ду по дар як мӯза ҷо карда» ва мехоҳад «исбот» кунад, ки ҳақ аст. Гузашта аз ин иддае аз коршиносон ба он андешаанд, ки ӯзбакистон наметавонад Покистонро ба истилоҳ аз роҳ занад. Шояд ин андеша то ҷое дуруст бошад, аммо метавон бори дигар ёдовар шуд, ки ӯзбакистон тавонист «РусАл»-у Русияро мутақоид созад, то аз «Роғун» рӯ тобанд. Ҳамзамон мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ӯзбакистон дар роҳи монеасозӣ бобати сохтмони «Роғун» чанд маротиба тағйири усули мубориза кард, ки дар боло аз қисме аз онҳо ёдовар шудем. Баъдан ёдрас шудан бамаврид аст, ки вақте воқеоти Рашт сар заданд, баъзе таҳлилгарон сӯйи ӯзбакистон ангушти ишора дароз менамуданд. Бо назардошти ин аз эҳтимол дур нест, ки ҳамсоякишвари мо аз роҳҳои дигари монеасозияш истифода нанамояд. Зеро Ислом Каримов ҳанӯз 20 октябри соли сипаригашта гуфта буд: мо бояд барои тақдир ва ояндаи фарзандони худ мубориза барем.
Т. Восеъ
Ҳафтаномаи “Наҷот”