Categories Ахбори рӯз

Масҷидсӯзии яҳудиён

Ифротиёни яҳудӣ ба як масҷиди мусулмон, ки дар деҳаи арабнишини Тубо Зағарияи шимоли Исроил қарор дошт ҳамла карда онро ба оташ кашиданд.  Ин оташсӯзӣ субҳи барвақти рӯзи 3 октябр рӯй додааст ва тавре расонаҳо иттилоъ додаанд дохили масҷид пурра оташ гирифтаааст. Дар деворҳои он ифротиён  шиъорҳоеро ба забони ибрӣ  навиштаанд, ки аз корзори хушунатомези ифротиёни яҳудӣ барои муқобала бо ҳар навъ коҳиши ҳузури шаҳракнишинҳо дар заминҳои ишғолҳ ҳимоят шудааст. Инчунин дар девор масҷид ибороте чун “интиқом” ва “Полмар” навишта шудааст, ки ишорае ба ҳодисаи рӯзи 23 сентябр мебошад, ки дар он шахсе ба номи Оншар Полмар-шаҳракнишини яҳудӣ ва писари нуҳсолаи ӯ пас аз он ки фаластиниён ба тарафи мошини онҳо санг андохтанд, ки сабаби марги падару писар шудааст.

Фуод Занғария, имоми масҷиди мазкур гуфтааст, ки тамоми масҷид бо қолину гилему китобҳои Қуръон сӯхтаанд. Теъдоди зиёди арабҳои исроилӣ дар вокуниш ба ин амали ваҳшиёна ва ифротӣ ба кӯчаву майдонҳо рехта ва дар эътироз ба оташ задани масҷид садо балан кардаву хоҳони эътисоб шуданд.

Ифротиёни яҳудӣ бори авввал нест, ки даст ба чунин амалҳои нажодпарастона мезананд. Ба хусус чунин  ҳаводис моҳҳои ахир хело бештар гаштааст ва тавре расонаҳо хабар додаанд ҳамалот алайҳи мусулмонон бештар дар дохили манотиқи ишғолии Фаластин ва дар дохили маҳаллаҳои арабнишини Исроил сурат мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дар дохили Исроил арабҳое сукунат доранд, ки онҳоро бо истилоҳи «арабҳои исроилӣ» ном мебаранд ва онҳо афродеанд, ки дар вақти таъсиси Исроил муқими ин сарзамин буданд.Тибқи омори расмӣ феълан 20% сокинони Исроилро арабҳои исроилӣ ташкил медиҳанд,  бештар гашта истодааст, ки аз соли 1952  то ин дам 9 барорбар зиёд гаштааст. Ин нишон медиҳад, ки рушди аҳолӣ дар миёни арабҳо бештар аз исроилиҳост.

More From Author

You May Also Like