Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, мегӯяд, дар бораи созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ алайҳи раҳоии Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳ дар Украина иттилое надорад, вале ба ҳар сурат, ин тазоҳурот барои Тоҷикистон, ки солҳо боз гирдиҳамоиҳо доир нашудаанд, як падидаи нав аст.
“Ин гирдиҳамоӣ нишон дод, ки мардуми мо ҳам барои баргузории эътирозҳову гирдиҳамоиҳо омода шудаанд – то ҷое, ки мо хабар дорем, ягон ҳодисаи латукӯб ё шикастану хароб кардан дар ин гирдиҳамоӣ рӯй надодааст ва маълум мешавад ҳамкории хуб миёни эътирозгарон ва мақомоти ҳифз ҳуқуқ он ҷо будааст.”– гуфт ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ меафзояд, аз ин баъд, шояд ба осонӣ ҳам набошад, аммо мақомот ба баргузории гирдиҳамоиҳо иҷоза хоҳанд дод.
Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир, ягон ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати ислом талаби баргузории гирдиҳамоиро накардааст. Аммо агар чунин зарурат пеш ояд, ҳизб ҳатман чунин талаб хоҳад кард ва Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки он дар чаҳорчӯби қонун ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Ин сиёсатмадори тоҷик меафзояд, гирдиҳамоии ахир баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳам “пухта расидаанд” ва аз ин баъд наметавонанд бо далелҳои набудани шароит ва халалдор шудани амну субот, талаби Қонуни асосӣ дар бораи озодии гирдиҳамоиву раҳпаймоҳиҳоро нодида бигиранд.
Иқтибос аз матлаби “Тазоҳурот дар Душанбе: “фармоиш” ё “падидаи нав”?”, “Озодӣ”