64 кишвари ҷаҳон дар парчами худ нишонаи мазҳабӣ доранд

64 кишвари ҷаҳон дар парчами худ нишонаи мазҳабӣ доранд

Бар асоси таҳқиқи ҷаиди муассисаи “Pew Research” се яки кишварҳои ҷаҳон аз 196 кишвар дар парчамҳои худ аз нишонаҳои мазҳабӣ истифода намудаанд. Ҳудудан ними ин кишварҳо яъне 48% онҳо кишварҳои масеҳӣ ҳастанд. Танҳо 33% аз ин теъдодро кишварҳои исломӣ ташкил медиҳанд. Яъне дар ҷаҳон аз ҳама бештар кишварҳои масеҳӣ ва исломӣ аз нишонаҳои мазҳабӣ истифода кардаанд.

Аломатҳои масеҳӣ дар парчами 31 кишвари ҷаҳон аз Осиё гирифта то Аврупо, Африқо ва Амрико вуҷуд дорад.

Арои мисол парчами Британия, ки ба “Union Jack маъруф аст, бар руяш нақши се салиби “Сент Ҷурҷ, сент Потрик ва сент Андрю” тарсим шудааст.

Кишварҳое, ки дар гузашта мустаъмираи Британия буданд, кушиш кардаанд ба гунае рамзҳои парчами онро дар парчамҳои худашон ҷо диҳанд.

Аммо Норвеж, Испания, Юнон, Донморк, Шведсия, Финландия ва Исландия низ ҷузъи кишварҳое ҳастанд, ки дар парчамашон нишонаи салиб вуҷуд дорад.

64 кишвари ҷаҳон дар парчами худ нишонаи мазҳабӣ доранд

Нишонаҳо ва символҳои исломӣ бошад дар парчами 21 кишвар нақш ёфтааст. Барои мисол кишварҳои, Туркия, Алҷазоир, Брунеӣ, Узбекистон ва Тунис ситора ва ҳилолро ба унвони символи исломӣ дар парчами худ ҷой додаанд.

Аммо дар парчами Сингапур нишонаи ситора ва моҳ нишони исломӣ нест. Балки панҷ ситораи он далели 5 асли демократия, сулҳ, тавсеа, адолат ва баробарӣ мебошад.

Аммо дар парчамҳои кишварҳои Ирон, Арабистон, Ироқ ва дигар кишварҳои исломӣ рамзҳои исломӣ ба таври возеҳтаре тарсим ёфтааст.

64 кишвари ҷаҳон дар парчами худ нишонаи мазҳабӣ доранд

Аммо аломатҳои будоӣ ва ҳиндӣ дар парчами 5 кишвари ҷаҳон вуҷуд доранд. дар парчами 3 кишвар аз ин 5 кишвар алоими будоӣ ва ҳиндӣ муштаракан вуҷуд доранд. Камбоҷия, Непол ва Ҳиндустон ҳарсе дар парчамҳои худ рамзи будоӣ ва ҳиндиро доро мебошанд.

Дар ин миён танҳо Исроил аст, ки рамзи дини Яҳудро дар парчами худ дорад.

Дар парчами Аргентина ва Уругвай бошад акси офтоби заррин нақш бастааст, ки рамзи Худои офтоб ба номи “Интӣ” дар дини “Инко” мебошад. Инко тамаддуни қадимии Амрикои Ҷанубӣ пеш аз вуруди аврупоиҳо мебошад.

Аммо парчами Амрико нишонаи динӣ надорад, вале бархе аз Иёлатҳои он дар парчами худ рамзҳои диниашонро ворид кардаанд.

Ҳоло бо ин ҳама рамзҳои мазҳабӣ чаро бештар ба символҳои исломӣ ишора мешавад? Маъмулан дар аксари хабарҳо ва барномаҳо кушиш бар он мешавад, ки рамзҳои исломиро ҳамчун мазҳари вайронӣ ва хушунату ақибмондагӣ ҷилва диҳанд. Дар ҳоле, ки дар аксарияти парчамҳои кишварҳои дунё рамзҳои динӣ вуҷуд дорад. Далели бад ҷилва додани нишонаҳои исломӣ дар чист?

More From Author

You May Also Like