Нигаронии ИМА аз озодии 65 гумонбар аз маҳкамаи Багром

Аз озод шудани 65 нафар маҳкумшудае, ки бо ҷурми терроризм дар маҳкамаи Багром қарор доштанд, ИМА изҳороти нороҳатӣ кардааст, навиштааст оҷонсии хабирии Пажвок. “Ягон нақшаи дигари дастгиркунии ин маҳкумшудагонро надорем. Агар онҳо дигарбора кирдорҳои хешро идома бидиҳанд, он вақт маълум мешавад, ки ч ӣ хоҳем кард”, омадааст дар изҳороти фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон.
Маъмурияти маҳкамаи Багром гуфтааст, дар асоси фармони роҳбарияти Афғонистон, маҳкумушудагон субҳи 13-уми феврал озод шудаанд ва барои интиқоли онҳо аз Багром нақлиёти махсуси ВКД истифода шудааст.
Аввали моҳи январ дастгоҳи президенти Афғонистон дар хусуси озод шудани 72 нафар гумонбари даст дошта ба тероризм, аз ҷумлаи 88 нафар итилоъ дода буд, ки далелҳои мутаҳамсозии онҳо кифояткунанда нестанд. Ҳатто иттилоъ дода мешуд, ки 560 нафар шаҳрванди Афғонистон бе ягон санад ва асосҳои қонунӣ дар маҳкамаи Багром нишастаанд.
Ин иқдоми Кобул аз ҷониби сиёсатмадорон ва низомиёни амрикоӣ эътирози шадидеро ба вуҷуд овард ва фармондеҳи нерӯҳои байалмиллалии ҳимоя аз амният дар Афғонистон, генерал Ҷозеф Данфорд андешаи хешро дар мавриди мухолифаташ аз озодии маҳкумшудаҳо ироъа дошта, ки ин кор бар хилофи созишнома миёни ду ҷониби ИМА ва Афғонистон аст.
Дар навбати худ намояндаи Департаменти давлатии ИМА Ҷен Псаки зимни ишора ба ин мавзуъ гуфтааст: Тамоми дастгиршудагони дар Багром буда ҷинояткорони хатарноканд…

More From Author

You May Also Like