Талабшоҳи Салом
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода
Вазъи дин ва қишри руҳоният дар Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сусиёлистӣ ба ҳама маълум буду ҳаст ва нуқтаи мазкур лозим ба шарҳи зиёд надорад. Албатта, ин ҳарфи мо маънои онро надорад, ки ваъзи дину диндорӣ дар он замон қобили таҳлилу баррасӣ нест, зеро то ҳанӯз механизми татбиқи сиёсатҳои лодинӣ, маншаъҳои он барои кулли хонандагон рӯшан нест, ҳарчанд таҳқиқоте дар ин рабт солҳои ахир сурат гирифтаанд. Вале аз тарафи дигар мавзуъи мазкур куллан як мавзуъи хос аст ва бояд он ҳамчун масъалаи доғи таърихи гузаштаи ҷавомеъи мутамаддину мутадаййин (новобаста ба ашкол ва мансубияти динӣ) мавриди таҳлили хоса қарор гирад. Зеро сардамдорони ин режими тоталитарӣ, ки идеологияашон пурра аз таълимоти Марксу Энгелс об мехӯрд, ҷомеъае сохтанӣ буданд, ки дин ва арзишҳои онро барои худ бегона бидонад. Барои таҳаққуқи ин амал бо роҳу васоили мухталифе ба шикаст ва ё рахнаи эътиқодоти мардум гӯё панҷа нарм мекарданд. Ба ҳамин тартиб эшон аввалин муборизоти худро бо адён ҳанӯз аз даврони оғозини ҳукумати худ шуруъ намуданд.
Муруре ба аснод
Қаблан бояд арз дошт, ки вақте дар ин бахш дар бораи дин дар низоми шӯравӣ сухан меравад, бо назардошти кулли адёни шаҳрвандони ин маҳдуда аст, на танҳо аз мусалмонон. Зеро ҳар як иқдоми роҳандозишудаи вобаста ба дин мутааллиқ ба пайравони кулли адён буд. 20 январи соли 1918 «Декрет дар бораи озодии виҷдон, калисо ва иттиҳодияҳои динӣ» ба тасвиб расид. Санади мазкур муносибати давлату диндорон, ҷомеъа ва динро ба истилоҳ ба танзим даровард. Аввалин иқдоми ҳукумат бо судури ин санад ин таҳти назорат гирифтани дин буд. Моддаи 1-уми санади мазкур динро аз давалат ҷудо эълон намудааст, вале ин маънои онро надошт, ки давлат куллан умури диниро озод мегузорад. Ҳадаф барои дурнамо ҷомеъаро бедин сохтан буд. Чунки озод гузоштани дин амали сохтани сиёсати лодиниро бемантиқ мекард. Давлати ғайридинии шӯравӣ сиёсати худро бе назардошти арзишҳои динӣ пиёда кардан мехост.
Ба назар мерасад, идеологияи коммунистӣ қабл аз он ки динро маҳв сохтан мехост, роҳҳои тобеъи сиёсати худ гардонидани онро низ меҷуст. Зеро дар моддаи 2-и «Декрет дар бораи озодии виҷдон, калисо ва иттиҳодияҳои динӣ» гуфта мешуд, «дар маҳдудаи ҷамоҳир судури қарор ва қавонини маҳаллӣ, ки озодии эътиқодро маҳдуд менамоянд ва ё афзалияту имтиёзеро дар ростои эътиқоди мазҳабии шаҳрванд таъйин менамоянд, мамнуъ дониста мешавад». Қисми аввали ин модда – маҳдуд нанамудани эътиқод, воқеъан, қобили қабул аст, зеро он бурузи мавонеъро дар ростои аъмоли эътиқодии шаҳрвандон мамнуъ мехонад, аммо қисми дуввум дар навбати худ тобиши манфии моддаро ҷилва медиҳад, зеро акси қисми аввали моддаи мазкур аст. Баъдан, ибораи «қавонини маҳаллӣ» башорат ба он медиҳад, ки марказ на танҳо умури диниро ба давлат вобаста менамояд, балки идораи онро бевосита худ ба даст мегирад. Аз ин гуна роиҷ шудани муқаррарот дар робита ба адён ва эътиқодоти шаҳрвандони мутадаййин чунин бардошт мешавад, ки низоми шӯравӣ мехоҳад кунтрули дин ва умури диниро дар даст дошта бошад. Ин ҳам ба хотири аввалан, маҳдуд ва баъдан, аз байн бурдани эътиқоди мардум буд, чунки «дин аз мактаб ҷудост. Таълими эътиқодоти динӣ дар кулли муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятие, ки дар онҳо фунуни умумӣ омӯзонида мешаванд, иҷозат дода намешавад. Шаҳрвандон метавонанд динро мустақилона омӯзанд» (моддаи 9-и «Декрет дар бораи озодии эътиқод, калисо ва иттиҳодияҳои динӣ»), фикр мекунам, ин далели ошкорест дар мавриди ҳадафи маҳв сохтани тамоми адён дар ҷомеъа. Фардӣ эълон намудани умури динӣ ва хонагӣ кардани дин, инчунин аз барномаҳои таълимӣ бардоштани он ба маънои буғӣ кардани арзишҳои динӣ буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба шаҳрвандони шӯравӣ ҳуқуқи робитаи мустақим ба намояндагони ҷавомеъи ғайришӯравӣ дода намешуд.
Санади мазкур, албатта, муносибати ҳукумати шӯроҳоро нисбат ба дин муайян мекард ва соири муқаррароте, ки дар иртибот ба дин қабул мешуданд ва ё ниҳодҳое ҷиҳати танзими умури динӣ ба фаъолият мепардохтанд, муқаррароту фаъолияташон мубтанӣ бар санади боло буданд. Зеро ин санад ҳанӯз қабл аз Конститутсияи СССР (соли 1924) қабул шуда буд. Дуввумин санад дар иртибот ба масъалаи мазкур Қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Шӯрои Федеративии Сусиёлистии Русия буд, ки 8 апрели соли 1929 тасвиб гаштааст.
Санади аввал муносибати давлату динро возеҳ нишон додааст. Муқаррароти дигар аснод умумӣ буданд, ҳарчанд ба ин санад мухолифат наменамуданд, балки динро маҳдудтар сохта, заминаи ташаккули ғояҳои худро бештар мекардаанд. Масалан, 5 декабри соли 1936, вақте Конститутсияи нави ИҶШС қабул шуд, дар иртибот ба масъалаи мавриди назар моддаи 124-умаш чунин мегуфт: «Бо мақсади таъмин намудани шаҳрвандон бо озодии эътиқод, калисо дар ИҶШС ҷудо аз давлат асту мактаб ҷудо аз калисо. Озодии парастиши динӣ ва озодии тарғиботи ғайридинӣ барои кулли шаҳрвандон ба расмият шинохта шудааст». Дар санади аввал, ки озодии пайравӣ кардану муътақид набудан ба дине сабт шуда буд, дар Конститутсияи соли 1936 дар баробари озодии эътиқоди динӣ тарғиботи зиддидинӣ ҳам иҷозат дода шуд. Яъне дар ин марҳила мубориза алайҳи дин шадидтар шуд. Агар соли 1918 диндорӣ бо бединӣ ҳамрадиф дониста мешуд, соли 1936 лодинӣ ва тарғиботи бединӣ дар баробари диндорӣ қарор гирифт.
Ин усул то охирин нафаси режими шӯравӣ, ки бар пояи идеолигияи коммунистӣ ва низоми сиёсати тоталитарию сохтори сиёсии дар зоҳир конфедеративӣ амал мекард, ҳифз шуд. Охирин Конститутсияи шӯравӣ, ки 7 октябри соли 1977 қабул гардид, ин нуқтаро мадди назар накард, балки онро чунин ташреҳ дод: «Озодии эътиқоди шаҳрвандони ИҶШС кафолат дода мешавад, аз ҷумла ҳуқуқи пайравӣ аз ҳама гуна дин ё пайравӣ накардан аз ҳеҷ диневу тарғиботи атеистӣ. Таҳрики душманӣ ё нафрат дар робита ба эътиқодоти динӣ мамнуъ аст», (Конституция (Основной Закон) СССР, статья 52). Дар баробари он ки зина ба зина мубориза бо дин қавӣ мешуд, нобаробарии дигар он буд, атеизм ва ё бехудоӣ дар макотиби олӣ ба сифати дарс расман омӯзонида мешуд ва дар макотиби миёна ҳам хонандагонро дар заминаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ ба бединӣ ташвиқ мекарданд, вале дин аз давлату мактаб ҷудо буд. Ҳол он ки тибқи муқаррароти модаи 52-и Конститутсияи ИҶШС, мақоми диндору бедин ё бехудо бояд баробар мебуданд, вале амалан ба атеистон ҳам дар тарбия ва ҳам дар умури давлатӣ бартарият медоданду дин «афъюн» талаққӣ мешуд.
Бухоро ё Бухоба?
Бояд гуфт, чунин як маҳдудиятҳо дар қаламрави ИҶШС на танҳо дар робита ба дин пиёда мешуданд, балки дигар ин гуна иқдомот ҳовии соири масоили миллӣ ҳам буданд ва ҳувияти миллиро аз байн мебурданд. Ин дар ҳоле буд, ки моддаи 123-и Конститутсияи аввалӣ, соли 1936 баробарҳуқуқии кулли шаҳрвандонро новобаста аз миллат кафолат медод ва моддаи 70-и Конститутсияи баъдӣ, соли 1997 таъкид мекард, «ИҶШС дар натиҷаи худмуайянкунии шаҳрвандон ба вуҷуд омадааст». Аммо новобаста ба ин фишор ба яке аз дигар пояҳои ҳувияти миллӣ – забон, ки дар масоили миллӣ ва ташаккули як миллати соҳибтамаддун нақши хоса дорад, шуруъ шуд ва пуштибонӣ аз забон ба сифати арзиши миллӣ «миллатгароии буржуазӣ» унвон мешуд.
Соли 1998 китоби Вадим Роговин, файласуфи рус таҳти унвони «Мировая революция и мировая война» ба табъ расид. Ӯ навиштааст, ки «соли 1938 Тротский менависад: Инқилоби Октябр ҳуқуқи на танҳо ташаккули маданияти ҳар як миллатро эълон дошт, балки ба давлатдории мустақили онҳо замина гузошт. Дар воқеъ, бюрократия шӯравиро ба зиндони ҷадиди мардум табдил дод. Ҳақиқатан, забон ва макотиби миллӣ вуҷуд доранд. Дар иртибот ба ин масъала муқтадиртарин истибдод наметавонад чархи тараққиётро ақиб гардонад, аммо вуҷуди забони гуногуни миллатҳо ташаккули мустақили онҳоро таъмин намекард, балки он органи фармонравоии бюрократӣ болои онҳо буд».
Муаллиф аз номи Тротский идома медиҳад, ки аъзои ҳукумати ҷамоҳири миллӣ аз ҷониби Маскав, аниқтараш Сталин таъйин мешавад, вале нохост «душмани халқ» ва ҷосусони мамолики хориҷӣ унвон мегиранд. Аз идомаи афкори файласуф бармеояд, ки замони ҳукмравоии ИҶШС забон ҳам ба сифати як абзори сиёсӣ аз ҷониби режими сталинӣ истифода мешудааст, на ин ки ташаккули он озод бошад. Ба андешаи ӯ, изофа бар сӯистфодаҳо аз забон се қарор, ки 17 декабри соли 1937 ба табъ расидаанд- қарорҳои КМ КПСС «Дар бораи навоҳӣ ва ҷамоъатҳои миллӣ», «Дар бораи ҷаридаҳои русӣ дар Украина» ва «Дар бораи макотиби миллӣ»-ро ҳамчун намунаи сарчашмаҳои маҳдуднамоии ҳувияти миллатҳои ғайрирус талаққӣ медиҳад.
Чун сухан дар бораи арзишҳои миллӣ меравад, нуқтаи дигареро низ бояд қайд кард. Ин ҳам бошад, хотироти Ҷалол Икромӣ дар робита ба масъалаи мазкуранд. Аз афкори ин адиб ва нависандаи тоҷик бармеояд, ки ин режим на танҳо истифодаи забонҳои миллиро дар дували таҳти нуфузаш маҳдуд мекард, балки мехост истифодаи грамматикаи забонҳои миллиро тибқи хостаҳои худи Кремл ба роҳ монад. Ҷалол Икромӣ дар «Он чӣ аз сар гузашт» ном асари худ дар робита ба «ислоҳкориҳо»-и режим дар солҳои 30-юм қалам ронда, ба ин маънӣ менависад, ки дар яке аз нашриётҳои Тоҷикистон фиристодаҳои миллати ҳоким дар раъс қарор дошту бо супориши Кремл забонсозӣ менамуд. Ба навиштаи ӯ, русҳо истифодаи пасванди «ро»-ро дар забони тоҷикӣ ҷонибдор набуданд ва мехостаанд ба ҷойи ин пасванд пешоянди «ба» истифода шавад.
Барои он ки боз ҳам ин нуқта ба хонанда ошкор шавад, мисолеро матраҳ менамоем: масалан, тибқи нақшаи русҳо, набояд тоҷикон «падарамро гӯй…» менавиштанд, балки бояд ҳатман «падарам-ба гӯй» навишта мекарданд. Чунин сензура дар он солҳо ба ҳадде шадид будааст, ки масъули таҳрири мутуни нашриёт, зани рустабор кулли кутубро аз назар гузаронида, пасванди «ро»-ро бо пешоянди «ба» иваз мекардааст, дар ҳоле ки забони тоҷикиро балад набудааст. Яъне вазифаи он «муҳаррир» танҳо иваз намудани «ро» бо «ба» будааст, на таҳрир ба маънои аслаш. Натиҷаи кори «муҳаррир» он шуда, ки зимни таҳрири матни китобе кулли калимаҳои «Бухоро» – ро бо каломи «Бухоба» иваз намудааст.
Албатта, ин ҳама беасос набуданд. Чун режими номбурда мехост давлати бединӣ бунёд намояд, «асосгузорони ин таълимот Маркс ва Энгелс ба ин бовар буданд, ки дар ҷомеъаи коммунистӣ бояд танҳо як забони универсалӣ амал кунад. Онҳо ҳатто забони форсиро ҳам мавриди баррасӣ қарор додаанд, чун аз лиҳози афкори асосгузорони коммунизми илмӣ грамматикаи он осон будааст, вале танҳо алифбои арабӣ… маъқул нашуд» (Мусоҳибаи Талабшоҳи Салом бо Нуралӣ Давлат: Истиқлолият мисли тароша аз бом афтода буд//«Озодагон», №34, аз 7 сентябри соли 2011). Шояд бо бардошт аз ин афкор чунин навиштан иштибоҳ набошад, ки забону фарҳанги миллатҳои мухталиф бо шумули адёни эшон барои марксистони вақт дар созмон додани як ҷамъияти бесинфу зери як ғоя ва ҳукумат намудан болои эшон халал ворид мекард. Барои ҳамин эшон аввал аз хат шуруъ намуда, баъдан, грамматика ва таркиботи забонҳоро низ мехостанд бо забони русӣ мувофиқ созанд. Табдили алифбо дар солҳои 20-уму 30-юми асри 20 ҳам бо ҳамин мақсад буд. Ба ибораи дигар коммунистон мехостанд шуруъ аз хат то сутунмуҳраи фарҳанг–динро аз миллат дур намоянд, то соири ишколоти дуввумдараҷа бартараф шаванд. Ҳатто бо роҳандозии чунин аъмол ленинчиёни содиқ мехостанд таърихи пешазинқилобии миллатҳои маҳдудаи шӯравиро инкор намоянд. Ин иқдом, албатта, аз ҷониби ашхоси саршиноси миллатҳо бе бархӯрд намемонд. Дар солҳои сиюм, тавре Вадим Роговин менависад, зиёиёни ғайриҳизбӣ бар маҳзи чунин иқдомот садо баланд мекарданд, аммо сиёсати сталинӣ онҳоро барои «миллатгароии буржуазӣ» гунаҳкор мешумурд. Албатта, дар суфуфи ин гуна афрод бузургони тоҷик, аз зумраи Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ шомил буданд. Чунин аъмоли ғайримантиқӣ дар қиболи миллатҳо Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуровро маҷбур сохтанд, то ба муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат дар мавриди фарҳангу адаб ва таърихи миллат хома фарсоянд.
Ин гуна иқдомот, ба назари пажуҳишгарон, то солҳои 60-ум идома пайдо кард. Вале дар солҳои 60-ум, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳолати шиддат ёфтани ҷанги сард қарор дошт, бинобар иқдомҳои қаблияш аз қабили маҳдудсозии фарҳанги миллии миллатҳои ғайрирус зери тозиёнаи танқиди Ғарб қарор гирифт. Ғарб бештар ин баҳонаро дастак мекард, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ассимилятсияи миллатҳои дигар бо русҳо пиёда мешавад. Ин гуна мавзеъгирии Ғарб шӯравиро маҷбур сохт, ки баъзе озодиҳои нисбиеро дар авохири солҳои 60-ум нисбат ба миллатҳо пиёда намояд.
Бояд гуфт, қаблан ҳам, яъне баъд аз марги Сталин котиби аввали КМ ҲКИШ Маленков кӯшишҳоеро дар ростои ниммилликунонии мақомоти маҳаллӣ рӯи даст гирифт, аммо ӯро доираи дигари қудратхоҳони коммунист баъди чанд моҳе аз қудрат канор бурданд. Дар авохири солҳои 60-ум бошад, муносибати ҳукумати вақт бо забону дин тағйир хӯрд, маҳз дар ҳамин давра иддае аз шоъирони ҷавон бо афкор ва навиштори нав дар саҳнаи адабиёт пайдо шуданд, вале доираи онҳо хеле маҳдуд буд. Аммо ҷавонони миллатдӯст дар заминаи афкори исломӣ тавонистанд ба як раванди ғайримаъмулӣ барои низоми бединии шӯравӣ оғоз намоянд. Матлаберо, ки мо қасди баррасӣ ва таҳлил қарор доданием, ҷанбаҳои пайдоиши «исломи сиёсӣ» дар аҳди шӯравист, хосатан минтақаи Осиёи Марказӣ.
Тавре аз манобеъ бармеояд, дар авохири солҳои 60 ва аввалҳои солҳои 70-уми асри гузашта пайдо шудани чунин як ҳаракати исломӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ҷанбаи сиёсиро низ доро буд, барои аксар ногаҳонӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҳокимияти вақт, ВАО, руҳонияти расмӣ, доираҳое аз аҳли тасаввуф ва эшонзодаҳо, дигар шахсиятҳои руҳонӣ бо дастгирии доираҳои амниятии вақт дар солҳои 80-ум ин ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ва сиёсиро «таҳоҷуми ваҳҳобиҳо» арзёбӣ кардаанд.
Давлатхӯҷа Назиров, дар китоби «Исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон», саҳифаи 282 навиштааст, «дар он солҳо, барои ба даст овардани иттилооти эътимоднок бо шахсиятҳои барҷастаи мусалмон, руҳонӣ ва эшонҳои авлодӣ ба монанди Мавлавӣ Рустамов Муҳаммадҷон (Душанбе), эшони Абдураҳмонҷон (Файзобод), эшони Азизов Ҳомидхоҷа, эшони Саидашраф Абдулҳаев (Бохтар), мулло Сафаралӣ (ш. Қӯрғонтеппа), эшони Сорбон (ш. Норак), махсуми Абдурауф Султонов (ш. Хуҷанд), эшони Абдуллохон (Масчоҳ) ва дигарон суҳбат намудам. Онҳо бо як овоз исрор менамуданд, ки навбаромадагони ба исломи пок даъватмекарда яқинан ваҳҳобиҳо мебошанд ва ба Аллома Раҳматулло ва Абдувалӣ Мирзоев аз шаҳри Андиҷони… Ӯзбекистон, ки хеле пештар пайрави ин фирқа шудаанд, алоқа доранд. Барои ҳамин ҳам аҳолӣ бовар дошт, ки руҳониёни ҷавони дар арсаи сиёсии Ӯзбекистону Тоҷикистон пайдошуда, «ваҳҳобӣ»-анд».
Чаро исломи сиёсӣ?
Қабл аз он ки ба суоли боло ҷавоб гӯем, таъкид кардан ба маврид аст, ки бо вуҷуди фишорҳои низоми худкомаи шӯравӣ ва «хонагӣ»-ю «фардӣ» сохтани Ислом ин дини муборак чун шуълае ба хотири расидан ба дунёи тобони ухравӣ дар дили муслимин медурахшид. Дар баробари ин аксари ашхосе, ки аз ҷониби Давлатхӯҷа Назиров номбар шудаанд, руҳонӣ буда, ҳалқаҳои дарсӣ доштанд ва ба ибораи дигар таълимоти иддаи дигаре бо усули «пиру мурид» буд. Аммо ин гуруҳҳо кӯшиш менамуданд, бо низоми вақт бархӯрдҳои сиёсӣ надошта бошанд. Илова бар ин зидди густариши хурофоту дигар анъанаҳои роиҷ дар ҷомеъа мубориза намебурданд. Аз ин бармеояд, ки низоми сиёсии шӯравӣ натавонистааст динро ба пуррагӣ маҳв созад, аммо онро ба сиёсати хеш тобеъ гардонида, иддаи зиёди руҳониятро мутеъи амру дастуроташ қарор додааст. Вақте устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (раҳмати Худо бар ӯ бод) мегӯяд, «воқеъан, фикри таъсис додани як ҳаракати исломӣ ҳанӯз дар айёми ҷавонии мо пайдо гардида буд… ва таъсиси як созмон ё ташкилот маънои сиёсӣ дошт, вале фикр мекунам, таълими улуми динӣ он қадар зиёд маънои сиёсӣ надошт» (Д.Назиров, монографияи ёдшуда, саҳ. 326-327), чунин бардошт мешавад, ки вазъият руҳияи ҷавонони исломиро ба таъсиси чунин созмони сиёсӣ ва диние оварда расонидааст. Аммо кай? Дар куҷо? Чаро? Ба чӣ унвон? Оё онҳо, воқеъан, ваҳҳобӣ буданд?
(Идома дорад…)