Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд аз як мақолаи дар сомонаи Центр – Азия аз 6 майи соли равон таҳти унвони « Руководство Зафарабадского района отобрало у молодых семей подарки Президента Рахмона» изҳори нигаронӣ намуда, далелҳои онро сохта, дурӯғ ва иғвоангез донистааст. Дар ин баёния омодааст, ки «Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки тӯҳфаҳои аз ҷониби Сарвари давлат тақдим гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд ва гуфтаҳои муаллиф асоси воқеӣ надорад. Муаллифи мақолаи бардурӯғ навиштааст, ки тӯи хонадоршавии 7 нафар навҷавонон дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шудааст. Дар асл, ин чорабинӣ дар тарабхонаи «Баҳор», ки аз бинои мақомоти маҳаллӣ 1,5 киллометр дур воқеъст, доир гардида, тӯи хонадоршавии 10 ҷуфт навхонадорон ва хатнатӯии 50 нафар кӯдакон гузаронида шудааст. Баъди он, ки аз нашри мақола дар сомонаи мазкур шахсони тӯҳфа гирифта бохабар гардиданд, ба ин рафтори ғаразнок ва беасоси муаллиф изҳори нафрат намуданд.» Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо пахши як баёния аз мақомоти масъули шаҳру навоҳи ва дигар шахсони мансабдори давлатӣ дархост намуда буд, ки ба бознашри маводи танқидӣ таҳаммулпазир бошанд. Дафтари матбуоти шаҳдори Душанбе низ бо пахши як баёния аз хабарнигорон хост, ки барои инъикоси воқеият кӯшиш намоянд, на таҳрифкорӣ.
Categories
Ахбори рӯз