Низои навбатӣ дар Фаластин: сабаб ва паёмадҳо

Оғози даргирӣ
Феълан, таври маълум, ҳуҷуми густурдаи Исроил ба навори Ғазза дар сархати хабарҳо буда, авзои муташанниҷи Шарқи Наздикро боз ҳам буҳронитар кардааст. Дар натиҷаи панҷ рӯзи даргирӣ теъдоди шуҳадои Ғазза 115 нафар ва маҷрӯҳон ба 850 кас расид. Биноҳои зиёди мулкию ҷаъиятӣ ба хок яксон гардид, аз ҷумла масҷиди Форуқ дар урдугоҳи ал-Насирот аз байн бурда шуд. Исороилиҳо барои ҷанги заминӣ омодагӣ мегиранд. Аз тарафи нерӯҳои муқовимат ба сӯйи Изроил садҳо мушак партоб гардид, ки хисороте ба бор овардааст. Аз кушта шудани чанд тан низомии исроилӣ низ хабар пахш гардида. Муқовимат аз кишварҳо дархости манъи парвози ҳавопаймоҳо ба Исроил шуд, зеро майдони ҳавоии Телавив зери хатар хоҳад монд. Бешубҳа, идомаи ин раванд барои саҳюнизм фоҷеаи бузургеро ба бор хоҳад овард. Сухангӯи Ҳамос Абу Зуҳрӣ иброз дошт, ки ҷанг аз тарафи ишғолгарон шурӯъ шуд ва масулият ба гардани онҳост.

Баҳонаи ҷанг
Дар моҳи гиромитарини мусалмонон, Рамазон оғоз намудани ҷанг ба зиддии фаластиниён бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ оину муқаддасоти олами Исломро зери по кардаву ба онҳо ҳеҷ эҳтиромеро қоил нест. Ҳамчунин бо ин ҷанги навбатӣ яҳудиҳо собит карданианд, ки онҳо бо ҳар баҳонае ҳар вақте хоҳанд, барои аз байн бурдани мардуми Фаластин низоъҳои навбатиро аз сар мегиранд, зеро мақсади ниҳоии саҳюнизм пурра ишғол кардани сарзаминҳои арабинишин буда, ҷисман нобуд, аз моликияторию соҳибият ба Ватан маҳрум кардан фаластиниҳо мебошад ва ба шаҳрвандони муҳтоҷ ба яҳудиён табдил додани арабҳо мебошад – ҳақиқате, ки наметавон аз он чашм пӯшид. Агар дар гузашта, сарони саҳюнизм ин иддаоҳоро пӯшидаю ошкоро дар конфронсҳо иброз медоштанд, бо гузашти вақт ва пурқувват шудани мавқеи низомию сиёсӣ дар минтақа ва бо пуштибонии лоббиҳои яҳудӣ дар Амрикову Ғарб давлати Исроил ин ҳадафҳои ишғолгароёнаро тадбиқ менамояд.
Баъди пошхӯрии СССР ва шиддат гирифтани ҳолати буҳронӣ дар минтақаи Шарқи Наздик дастони саҳюнизми ҷаҳонӣ бештар боз гардида, тохтутози таҷовузкорона болои арабҳо вусъат ёфт. Ғояи сулҳ аз нигоҳи Изроил бо тамоми қувва ишғолгарӣ буда, вазъияти демографиро ба нафъи яҳудиён ҳал кардан аст. Сарвазири собиқи Исроил ва сардори ҷамоати террористии “Иргун” Менехем Бегин дар рӯзи дуюми қарори СММ оиди тақсими Фаластин ба ду давлати мустақил изҳор дошта буд, ки ин тақсимот ғайриқонунист ва он ҳеҷ гоҳ эътироф нахоҳад шуд. Низои навбати низ баёнгари ин ҳадафҳои шуми саҳюнизм мебошад ва ин хати қирмизи саҳюниҳост, ки то ҳанӯз фаластиниҳо соҳиби давлати мустақил нашудаанд.
Агар бовар кунем, ки Исроил барои қасос ситонидан барои се ҷавони қурбоншудаи худ, ки онҳоро гӯё тарафдорони Ҳамос рабуда бошанд, ҷангро шуруъ намуд, содалавҳист, зеро барои як чунин ҳодиса зери хатар гузоштани минтақаҳои яҳуднишин ва муташанниҷ кардани вазъият мувофиқи мантиқ нест. Соҳибназарон ба ин ақидаанд, ки ҳуҷуми навбатӣ бо баҳонаи аз байн бурдани Ҳамос тавсеаи аҳдофи ишғолгар ва таъвиқи ташкили давлати ягонаи Фаластин аст.
Ба гузориши рузномаи “Гардиан”, сабаби низоъ ба даст овардани захираҳои гозу нафт (1.4 млрд. метри мукааб) дар навори Ғазза буда, мавҷудияти Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ, ду ниҳоди сиёсию низомӣ монеаи ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Аз тарафи дигар, ахиран, ба созиш омадани гурӯҳҳои асосии Фаластин (Фатҳу Ҳамос) ва эълони Ҳукумати Мусолиҳаи Миллиро Исроил хуш напазируфт, зеро мавқеи Фаластин дар музокироти навбатӣ баҳри ташкили давлати ягона қавитар хоҳад гардид.

Вокуниши минтақавӣ ва ҷаҳонӣ
То лаҳзаҳои нашри матлаб аз изҳороти назаррасу ҷиддӣ аз ҷониби тарафҳои зидахли хориҷӣ, бахусус кишварҳои арабию исломӣ хабаре пахш нагардида буд.
Муншии кулли СММ Пан Ги Мун аз тарафҳои даргир дархост ба амал овард, ки ҷангро мутавақиф намоянд. Иттиҳоди Аврупо ва давлати Чин ҳуҷуми Исроилро маҳкум карданд. Амрико аз ташаннуҷи авзоъ ва партоб шудани рокетҳои исролӣ нигаронӣ баён карда бошад ҳам, рокетборон шудани Изроилро аз тарафи фаластиниҳо маҳкум кард ва ба режими саҳюнистӣ ҳуқуқи “дифоъ” қоил шуд. Мусалламан ин мавқеи чун собиқ яктарафа Исроилро барои идомаи даргириҳо рӯҳбаланд менамояд. Русия хостори қатъи оҷили низои мусаллаҳона шуд.
Тони Блэр, нахуствазири собиқи Британияи Кабир иброз дошт, ки Изроил ҳаргиз нахоҳад тавонист ҷунбиши Ҳамосро аз байн бибарад, зеро он ба унвони як ҷунбиши сиёсӣ аз пойгоҳу ҳимояти мардумӣ бархурдор аст ва ба осонӣ наметавон ин пойгоҳу ҳимоятро барчинд. Воқеан, солҳои тӯлонии муқовимат ва маҳрумиятҳову хорию зорӣ мардуми муборизи фаластиниро чунон обутоб додааст, ки дигар ҳеҷ даргирӣ барояшон хатари нобудшавиро надорад. Онҳо ба ин бовар расидаанд, ки душмани ғаддор ҷуз нерӯ дигар ягон забонро гӯш намекунанд. Зимнан омилҳои мазкур тундравии гурӯҳҳои ҷиҳодро боз ҳам боло бурда, хатари аз контрол баромадани ин нерӯҳо минтақаро таҳдид хоҳад кард.

Баъзе аз расонаҳои хабарӣ вазъиятро ташвиҳ намуда, қасдан харобазорҳои фаластиниро ҳамчун манотиқи яҳудинишин нишон доданд, ки гӯё ба он ҷо мушакҳои муқовиматхоҳони Ғазза партоб шуда бошад, то таваҷҷуҳу раъйи оламро ба сӯйи саҳюнистон равона намоянд ва онҳоро мазлум ҷивлагар кунанд.
Баъзе аз мақомдорони яҳудӣ бо гузашти вақт аз амалиётҳои муқовимат нигарон шуда, аз хато будани тасмимашон нисбати оғози ҷанг иброз медоранд. Дохили ниҳодҳои қудратӣ ихтилоф дар баҳодиҳии товони низомии муқовимат ҷараён дорад. Баъзе аз коршиносони исроилӣ ба ин ақидаанд, ки амалиёти навбатӣ сирфан намоишӣ буда,ҳар он чӣ дар мавриди нобуд кардани зерсохтҳои Ҳамос гуфта мешавад, дурӯғе беш нест.
Туркия ва Эрон чун ҳарвақта ба қазияи Фаластин иноят зоҳир намуданд. Дар суҳбати телефонӣ сарвазири Туркия ва раисҷумҳури Эрон вазъиятро баррасӣ карда, дар роҳи мутаваққиф намудани амалиёт ва чораҳои расонидани кӯмак ба мазлумини Ғазза табодули назар карданд. Зимнан бояд қайд намуд, ки дар арсаи сиёсӣ таҷовузи режими саҳюнистӣ муҷаддан нишон дод, ки давлатҳои арабӣ ва исломӣ машғули корҳои дигаре ҳастанд ва ҳеҷ таваҷҷуҳе ба авзои Фаластин надоранд.
Ахиран, дар ин рузҳои ташаннуҷӣ Маҳмуд Аббос, сардори давлати худгардони Фаластин аз омодаги хеш барои азсаргирии дубораи музокирот барои нуҳ моҳи дигар эълон дошт. Албатта, суҳбат аз музокирот дар чунин вазъи буҳронӣ дар ҳукми пахши чароғи сабз ба саҳюнизм барои идомаи иқдомоти хасмонаашон талаққӣ мешавад. Ҳамчунин Маҳмуд Аббос Созмони муқовиматро ҳамчун “тоҷирони чанг” муаррифӣ кард. Сукути амиқи шоҳигариҳои халиҷ ҳам бесабаб нест. Зеро давлати Исроил тавонист зери мубориза бо терроризм сарони ин кишварҳоро мутақоид намояд, ки бо чунин ҷунбишҳову ҳаракатҳо якҷо бояд мубориза бурд, то сулҳу оромӣ дар минтақа ба манфиати тарафайн истиқрор гардад. Чунин ҳадафи муштарак ба он оварда расонд, ки дар Миср президенти ба тарзи демократӣ интихобшуда сарнагун карда шавад ва ҷамоати ихвониҳо саркӯбу ғайриқонунӣ эълон гардад.
Зимнан вазифаи дигаре, ки кишварҳои мусалмонӣ доранд ва камтарин коре, ки метаваонанд барои навори Ғазза анҷом диҳанд, равон кардани кӯмакҳои башардӯстона ба онон мебошад. Амалӣ шудани ин гуна кӯмакҳои хайр, агар вазъияти Ғаззаро аз нигоҳи низомӣ хуб ҳам накунад, зарбае ба ишғолгарон буда, рӯҳияи муқовиматро баланд мекунад.
Ҳамчунин ин шароит фурсати арзишманд аст, то Сисӣ ҳарферо собит кунад, ки дар моҳи гузашта дар ҷараёни қасамёдкунӣ ҳамчун раёсатҷумҳур иброз дошта буд: ”Ихтилофи мо бо Ҷамоати Ихвон-ул-муслимин ҳаргиз таъсире ба мавзеъгириамон нисбат ба Фаластин нахоҳад гузошт”.

Асадулло Вализода

More From Author

You May Also Like