Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ниме аз сармогузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон саҳми Русия аст.
Ба гузориши хабаргузории “tajik.irib.ir”, ба нақл аз сайти шабакаи телевизионии “Мир 24”, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро ахиран дар дидор бо губернатори вилояти Ивановои Русия дар Душанбе эълом кардааст.
Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиби Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.
Рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Русия дар соҳаҳои эннергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шуд.
Ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифт. Ёдоварӣ шуда, ки ҳоло 500 донишҷӯи тоқик дар муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар вилояти Ивановои Русия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора оянда хеле афзун гардад.