Categories Ахбори рӯз

Норизоӣ Созмонҳои ҳуқуқи башар аз эъдоми шаш ҷавони мисрӣ

Норизоӣ Созмонҳои ҳуқуқи башар аз эъдоми шаш ҷавони мисрӣ

Ҳукми эъдоми шаш тан аз аъзои гурӯҳи исломхоҳон дар зиндоне дар Қоҳира иҷро шуд. Ин афрод ба созмондиҳии ҳамлаҳое дар Қоҳира ва куштани ду сарбоз мисрӣ муттаҳам мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқи башар нисбат ба сиҳати ин иттиҳом аз тарафи қазоии Миср тардид дорад.

Ба гузориши хабаргузории “www.dw.de”, ин афрод, ки гуфта мешавад аз аъзои гурӯҳи исломхоҳони “Ансори Байтулмуқаддас” будаанд, дар январи соли 2013 дар як додгоҳи низомӣ муҳокима ва ба эъдом маҳкум шуда буданд.

Тибқи гузоришҳо ин шаш афрод ба ҳамроҳи се тани дигар ҳамлаеро дар шимоли шарқи Қоҳира барномарезӣ ва иҷро карда буданд, ки дар ҷараёни он ду сарбози мисрӣ кушта шуданд. Додгоҳ дар он замон барои яке аз ҳамдастони онҳо ба таври ғиёбӣ ҳукми эъдом ва барои ду тани дигар ҳабси абад содир карда буд.

Ин дар ҳолест, ки яке аз вукалои ин афрод судури онро ангезаҳои сиёсӣ хонд. Ҳамчунин шуморе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, аз ҷумла дидабони ҳуқуқи башар дар робита ба қазияи ин афрод интиқоди шадиде нисбати системаи қазоии Миср карданд.

Ба гуфтаи ин созмонҳо, се тан аз мардоне, ки ба дор овехта шудаанд, дар замони вуқуъи ҳамлае, ки ба онҳо нисбат дода шуда пушти панҷараи зиндон қарор доштанд. Вазири хориҷаи Олмон дар вокуниш ба ин хабар гуфта, ки умедвор аст, ки дастгоҳи қазоии Миср бар асоси қонун амал хоҳад кард ва набояд аз рӯи эҳсосоти сиёсӣ ҳукм барорад.

More From Author

You May Also Like