Categories Мавқеъ

Нуктае чанд дар мавриди интихоботи парлумонӣ

Дар ҷаҳони муосир интихобот равиши ягона солиму дурусти идораи кишвар дониста мешавад, махсусан ҷойгоҳи интихоботи парлумонӣ дар ин самт аҳамияти хеле зиёд дорад, он ҳам дар шароити феълии кишвари мо. Барои ба вуҷуд овардани ҳамгароӣ ва ҳамкорӣ байни неруҳои мухталиф барои пешрафт интихоботи парлумонии қарибулвуқуъ нақши муҳим ва асосӣ дошта метавонад. Ҳамчунин бо таҷрибаи интихоботҳои гузашта метавон гуфт, ки амалкардҳои манфии он ҳам кам нахоҳанд буд.
Бинобар ин, мехоҳам ба чанд нуктаи мусбат ва манфии эҳтимолии интихоботи оянда ишорае дошта бошем. Дар ибтидо аз нуктаҳои мусбати он оғоз мекунем, яъне дар сурати баргузор шудани як интихоботи озоду шаффоф паёмадҳои он чӣ хоҳанд буд.

1. Агар интихобот озоду шаффоф доир шавад ва дар он аҳзоби мухолиф ба теъдоди лозим ба парлумон роҳ ёфта тавонанд, шоҳиди аввалин қадаме хоҳад буд ба суи пешрафт. Яъне парлумон аз ҳолати “тасдиқкунандаи фармон”-ҳо хориҷ шуда, ба як ниҳоди содиркунандаи қонун ва дар умум як шохаи хоси ҳокимияти давлатӣ табдил мешавад.

2. Интихоботи шаффоф умедвориҳо барои рушди ояндаи кишварро бештар хоҳад кард. Зеро тамоми мардум медонанд, ҳар кишваре, ки дар он интихоботҳои шаффоф баргузор мешавад ва афрод аз нигоҳи шоистасолорӣ сари кор мерасанд, ҳаракати он кишвар ба суи рушд оғоз мегардад.

3. Дар сурати озоду шаффоф гузаштани интихоботи парлумонии оянда, ин иқдомро оғози як ислоҳоти миллӣ бо роҳбарии нухбагони ҳоким унвон кардан мумкин аст. Яъне дар ин сурат, ислоҳот аз роҳи мусолиматомезу гуфтугӯ оғоз шуда, нақшаҳои бархе аз гурӯҳу созмонҳо ё кишварҳоро хунсо мекунад.

4. Таҳкими субот ва амнияти миллӣ низ бо интихоботи озоду шаффоф вобастагии зиёд доранд. Агар мардум эҳсос кунанд, ки аз роҳи интихобот дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳм дошта метавонанд, ҳатто афроди алоҳида ҳам дигар ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ғайриқонунӣ руй намеоранд.

Аз тарафи дигар, баҳонаи аслии гурӯҳҳои ифротӣ аз дасташон гирифта мешавад ва неруҳои дар манотиқи ҷангӣ қарор дошта, ҷавононро ба осонӣ ба самти худ ҷалб сохта наметавонанд.

5. Интихоботи озоду шаффоф паёмест аз боло рафтани имиҷи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон.

6. Ба вуҷуд омадани ҳамгароӣ ва эътимоди бештару беҳтар байни ҳукумат ва мардум ҳам натиҷаи дигари интихоботи шаффофу озод аст. Агар интихобот шаффоф баргузор шавад ва афроди шоиста аз ҳисоби қишрҳои мухталиф дар роҳбарии давлату ҳукумат саҳим ва шарик қарор бигиранд, эътимод дар ҷомеъа бештар ва гароишҳо ба дигар гурӯҳҳо камтар хоҳад шуд.
7. Вақте нерӯҳои мухолиф дар парлумон дар канори ҳам қарор мегиранд, рақобати солим ҷои душманӣ ва душмантароширо хоҳад гирифт. Зеро фосилаҳо аз байн мераванд ва дустиву муҳаббат тақвият пайдо мекунанд, яъне қишру гурӯҳҳо ҳамдигарро беҳтар мешиносанд.

Пеш омадани паёмадҳои номатлуб дар заминаи интихоботи ғайришаффофу ноозод ва пуртақаллуб

1. Эътимоди мардум ба ҳукумат ва ба оянда ба шиддат поин меравад. Андешаи ғуломӣ ва муҳоҷират дар зеҳни насли нав тақвият ёфта, фикри ободӣ аз зеҳнҳо канор меравад.

2. Нерӯҳои ислоҳот­хоҳи солим, ҳатто дар дохили ҳукумат ҳам сархам шуда, ба дасти нерӯҳои ифротӣ ва тундрав баҳонаи нав дода мешавад. Дигар касе ба интихоботу ислоҳоти солим бовар намекунад ва ба неруҳои беруна умед мебанданд.

3. Хатари аз байн рафтани амнияту субот ҳам вуҷуд дорад, зеро ҷавонони эҳсосотӣ ба неруҳои ифротӣ пайваста, роҳи наҷотро дар онҳо мебинанд.
Аз тарафи дигар, фаъолияти пинҳонии гурӯҳҳои мухталиф ҳам густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо худро мазлуму бечора шуморида, барои талаби хостаҳои худ ба пинҳонкорӣ ва роҳҳои ғайриқонунӣ рӯй меоваранд.

4. Паёмади дигар боз ҳам поинтар рафтани ҷойгоҳу имиҷи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон аст, зеро дар ин сурат кишвари моро дар умум диктаторӣ мегӯянд.

5. Адами боварии аҳзоб ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба ҳукумат ва дар муқобили ҳам қарор гирифтани неруҳои созанда ҳам баъид нест. Касоне дар интихобот даст ба тақаллуб мезананд, ба дигарон ба осонӣ бовар намекунанд, зеро медонанд, ки ҳуқуқи дигаронро поймол кардаанд. Аз тарафи дигар касоне ҳам, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст, ба тақаллубкорон бовар намекунанд. Дар ин ҳол, фазои ҷомеъаро нобоварии комил фаро мегирад.

Хулоса, агар интихобот шаффофу озод доир шавад ва ҳукумат онро ҳамчун як фурсати оғози ислоҳот истифода намояд, пас имконияти калони неруҳои мухталифро барои пешрафт равона сохта метавонад. Ин интихобот нуктаи оғози раванди ҳамгароӣ ва таҷдиди назар дар фарҳанги рақобатҳои сиёсӣ шуда метавонад, агар иродаи оғози як давраи ҷадид дар заминаҳои мухталиф барои дурнамо вуҷуд дошта бошанд.

Б. Қаюмзод

More From Author

You May Also Like