Чанд рӯз пештар мизи гирде бо номи «Шиканҷа ва омилҳои он» дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор гардид, ки аксуламалҳои мухталиферо ба ҷой гузошт, ҳатто дар ҳамон рӯз баҳсҳое сурат гирифта, бархеҳо то ҳадде ба эҳсосот ҳам роҳ доданд.
Аммо ҳоло баҳс дар ин маврид нест, балки лояҳои пинҳони воқеъияти ҷомеаро аз нигоҳи равоншинохтӣ мавриди баррасӣ қарор додан мехоҳем, зеро бар асоси рафтору гуфторҳо ба замири нохудогоҳ ва пешфарзҳои зеҳнии фард ё гурӯҳ пай бубарем.
Нуктаи аввал, он чӣ аз мизи гирди мазкур бардошт кардам, ин буд, ки ҷомеъа то ҳол ба худбоварӣ нарасидааст ва аз ояндаи худ нигаронии зиёд дорад. Адами худбоварӣ дар ҷомеъа то ҳаддест, ки неруҳои сиёсӣ ба ҳар як интиқод аксуламали эҳсосӣ ва аз нигоҳи қудратманишӣ мавзеъгирӣ мекунанд. Ҳатто агар интиқод дуруст ва ба ҷову исбот шуда ҳам бошад, кушиш ба тавҷеҳи он мекунанд, на ба рафъи камбуд ё ҳалли масъала. Зеро ҷониби ба эҳсосот роҳ дода интиқодро ба маънои коҳиши қудрат, поин рафтани эҳтирому обуру, аз даст додани боварии мардум ва ғайра мепиндоранд, на ба маънои ислоҳу пешрафти ҷомеъа.
Аз лиҳози равонӣ маъмулан шахсияте, ки ба марҳалаи булуғи фикрӣ нарасидааст ва дар вуҷуди худ заъфро эҳсос мекунад, ҳамеша худро дар маърази хатар мебинад ва дигаронро ҳамчун душман ё хатар барои худ.
Вақте фард ё гурӯҳе тавони ҳимояи мантиқӣ ва фикриро надорад, танҳо роҳи ҳимоятро адами гуфтугӯ ва туҳмату таҳдиди тарафи дигар медонад. Аммо шахс ё гуруҳе, ки ба ин булуғ расида бошад, рақибро ба гуфтугӯ мехонад ва ба ҳарфаш гӯш мекунад. Агар эҳсос кард, ки рақиб ҳақ аст, интиқодашро мепазираду худро ислоҳ мекунад ва ё рақибро бо ҳарфи мантиқии хеш қонеъ месозад.
Нуктаи дуввум, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва аҳзоби сиёсиву ҷомеъаи маданӣ он чунон аз ҳамдигар дур мондаанд, ки ҳатто аз одитарин фаъолияти ҳамдигар огоҳии чандоне надоранд. Масъулони ҳукумат дар чеҳраи аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои маданӣ то ҳол душмани худро дида, вуҷуди онҳоро монеъи пешрафт ва хатар барои амнияти кишвар мепиндоранд. Аз тарафи дигар, аҳзоб ва ниҳодҳои маданӣ ҳам ба масъулони ҳукумат ҳамчун монеъи аслии пешрафт ва маҳдудкунандагони озодиҳои шаҳрвандӣ ва мазҳабӣ нигоҳ мекунанд. Мушкил сари он аст, ки ҳеҷ кадом дидгоҳҳои ҳамдигариро қабул надоранд.
Нуктаи севвум, ҷомеъаи мо асири афкори даврони ҷанги дохилӣ боқӣ мондааст. Пешфарзҳои зеҳнии масъулини ҷомеъаро ҳоло ҳам ҳаводис ва боварҳои даврони ҷанг шакл медиҳанд. Бо вуҷуди ба имзо расидани созишномаи сулҳ бархеҳо нохудогоҳ фикр мекунанд, ки то ҳол дар ду сангари муқобили ҳам қарор доранд ва мушкилоти фикрӣ ва зеҳнии худро ҳал карда натавонистаанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳатто ғайримустақим шиканҷаи рақибони худро дуруст ва раво дидан мехоҳанд. Аз дигар ҷониб, мубориза алайҳи шиканҷаро ҳам навъе ҳимоят аз вуҷуди ҷиноят ҷилва доданианд.
Ин навъи пешфарзҳои зеҳнӣ дар неруҳои қудратии кишвар ҳам таъсири худро гузоштааст, чун бархе аз онҳо бозмондагони ҳамон давронанд, ин воқеиятро дарк карда наметавонанд, ки боздоштгоҳи муваққативу маҳбас дар асл маконҳои ислоҳи афрод мебошанд, на ҷои шиканҷаву азоби онҳо.
Нуктаи чаҳорум, “Пирию ҳазор иллат”. Аз баргузории мизи гирди мавриди назар ба ин натиҷа расидем, ки масъулини ҳукумат пир шудаанду дигар ҳавсалаи ширкат дар чунин маъракаву маҳфилҳоро надоранд ва аз ширкат дар чунин ҷойҳо парҳез мекунанд. Ба ҳар ҳол, чанд ҷавонеро «омода карда», танҳо барои тавҷеҳи амалҳои худ мефиристанд.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки чаро онҳое, ки ба чунин вазъият расидани ҷомеъа масъулияти мустақим доранд, намехоҳанд дар назди мардум посух бигӯянд? Агар онҳо аз амалкарду тавони худ бовар доранд, бояд бо ҳузуру ҷавобҳои мантиқӣ рақибони хешро қонеъ созанд. Истифода кардан аз чанд ҷавоне, ки аз асли воқеъа фарсахҳо дуранд, мушкилро печидатар месозад. Наход барои онҳо интиқол додани афкору пешзарфҳои зеҳнии даврони ҷангии худ ба насл нав муҳим бошад? Насли ҷавонро бояд аз зери сояи чунин боварҳову андешаҳо раҳо сохт, агар худро раҳо карда натавонад. Чун бо касе наҷангидааст ва набояд душманӣ биҷӯяд.
Масъулини муҳтарам! Бигзоред андешаи ҳамгароӣ, ваҳдату муҳаббат ба мардум ва садоқат ба ватан пешфарзҳои зеҳнии онҳо қарор бигиранд. Набояд дар андешаи софу поки ин насл тухми кинаву душманиро корид, балки онҳоро ҳамчун соҳибони ояндаи ин сарзамин ба ҳамдигарфаҳмӣ ва лутфу меҳрубонӣ ташвиқ кард, ба ҷои душманӣ муҳаббатро омӯхт.
Мисолеро борҳо зимни пешниҳоди матлабе матраҳ месозам, ки баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувӯм, Корея ба вайрона табдил шуда буд. Аммо баъди ба ду қисмат ҷудо шудан, дар як муддати кутоҳ Кореяи ҷанубӣ соҳиби иқтисоди қавӣ ва ҷойгоҳи муносиб дар ҷаҳон гардид. Аммо қисмати дигари он, Кореяи шимолӣ дар баробари фақру нодорӣ соҳиби силоҳи атомӣ гашт ва бо дунё душман шуд. Дар ҳоле, ки ин минтақа аз мавқеияту имконоти ҳамсон бархурдоранд. Танҳо чизе, ки Кореяи ҷанубиро ба қудрати иқтисодӣ табдил дод, ҷойгузин намудани роҳбарони ҷавон бо ҷои нафарҳои даврони ҷанг буд.
Оре, ҳама медонанд, ки як нафар метавонад дар замони ҷанг ва буҳрони хос роҳбари муваффақе бошад, вале замони оромӣ диду назар ва чеҳраву сиёсатҳои нави дохилиро тақозо дорад. Раҳбарони даврони ҷанг, ҳатто сиёсатҳои хориҷиро бар асоси пешфарзу боварҳои даврони ҷанг барномарезӣ мекунанд ва натиҷаи чунин мешавад, ки бо тамоми кишварҳои ҳамсоя мушкил пайдо мекунанду инсиҷоми дохилиро ҳам таъмин карда наметавонанд. Дар баробари бо ҳамсояҳо мушкил доштан, дар дохил ҳам аз рақибони худ душман метарошад.
Ин гуна раҳбарон одат кардаанд, ки тамоми мушкилоти худро болои душмани хаёлӣ гузошта, бо ин васила аз масъулият канор рафта, ба нотавонии худ сарпуш мегузоранд. Ҳиҷ гуна машварат интиқодеро қабул надоранд. Сабаби аслии ақибмондагии як кишвар ва ҷомеъаеро бояд дар андешаву пешфарзҳои зеҳнии даврони ҷангии ин гуна афрод ҷӯст, на ҷои дигар. Чунки онҳо тамоми ҷомеъаро асири тахаюлоти худ намуда, онро дар заминаи сиёсатҳои нодуруст дар инзивоъ қарор медиҳанд ва зиндагии хешро бидуни душману душмантарошӣ тасавур намекунад. Онҳо ҳатто таҳаюлоти хешро бо истифода аз ВАО-и ҳукуматӣ ба ҷомеъа низ таҳмил мекунанд.
Бобоҷони Қаюмзод