Categories Ахбори рӯз

“Барқи тоҷик” сабаби қарздорияшро шарҳ дод

Рустам Раҳматзода, раиси ширкати “Барҷи тоҷик” дар суханроние назди вакилони палатаи поёнии парлумон гуфтааст, ки мутобиқи нақша то якуми якнвари соли 2016 ширкат қарзҳои худ дар назди нерӯгоҳҳои “Сангтуда 1” ва “Сангтуда 2” – ро пурра пардохт мекунад.

Ба гузориши “news.tj”, Раҳматзода иброз дошта, ки сабаби аслии қарздории хеле зиёди ширкат дар он аст, ки энергохолдинг аз ин нерӯгоҳҳо нерӯи барқро қимат харида, ба истеъмолгарон арзон мефурӯхт. Барои мисол ширкат як киловат нерӯи барқро аз онҳо 15 дирам харида ба 11 дирам мефурӯхт.

Ӯ таъкид кард, ки айни замон сатҳи ҷамъоварии пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ дар кишвар 82% ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 млн сомонӣ зиёдтар аст.

Вай дар бораи пардохти музди меҳнати кормандони ширкат, Раҳматзода таъкид дошт, ки ин мушкилот то ахири сол комилан ҳалли худро меёбад. Лозим ба ёдоварист, ки бо омадани фасли сармо Тоҷикистонро бебарқӣ фаро мегирад, ки яке аз мушкилоти ҳамасолаи кишвар маҳсуб меёбад. Аммо ин мушкилот то кай идома меёбад, ҳанӯз дақиқ нест.

More From Author

You May Also Like