Имрӯз 2-уми декабр зимни баргузории ҳамоише дар шаҳри Душанбе маркази таҳқиқоти сотсиологии “Зеркало”, “Азия плюс” – ро нашрияи сол ва Олга Тутубалинаро – хабарнигори сол эълон намудааст.
Гуфта мешавад, ки Маркази сотсиологии “Зеркало, ин назарсанҷиро ахиран тариқи телефон миёни 30 коршинос ва 579 хонанда ва шунавада дар саросари Тоҷикистон анҷом додааст.
Бино ба иттилои “Озодӣ” Қаҳрамон Бақозода, раҳбари Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Зеркало”, зимни эълони натиҷаҳои назарсанҷии ин созмон дар шаҳри Душанбе “Озодагон” – ро, ба унвони кашфиёт дар фазои иттилоотии Тоҷикистон беҳтарин эълон намудааст.
Ҳамзамон натоиҷи назарпурсии ин созмон мушаххас кардааст, ки ҳафтаномаи “Оила” – унвони маҳбубтарин нашрия ва “Ватан” – ба унвони маҳбубтарин радио шуморида шудаанд.
Ҳамчунин Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва раҳбари Маркази сотсиологии “Бозтоб” гуфтааст, ки “сомонаи Радиои Озодӣ дар соли ҷорӣ ҳамчун манбаи аслии хабарӣ фаъолият кард.”