Вазири дифоъи Олмон рӯзи ҷумъа аз эъломи омодагии кишвараш барои ҳамкорӣ бо Русия дар заминаи мубориза бо терроризм хабар дод ва гуфт, ки шикасти иқтисодии Русия ба маслиҳати Иттиҳодияи Аврупо нест.
Ба гузориши “Ирна”, ин намояндаи олмонӣ иброз дошт, ки ба назарам роҳи ҳалли буҳрони Русия ва Аврупо ин аст, ки русҳоро қонеъ кунем ба ҳам задани суботи Украина ва ҳамчунин зери по гузоштани қонунҳои байналмилалӣ қобили қабул нест.
Вай дар идома гуфт, аммо ба нафъи Аврупо нест, ки шикасти иқтисодиро ба Русия таҳмил кунад, ин дар ҳолест, ки мо бо русҳо дар дигар умури байналмилалӣ маслиҳатҳои муштараки дегаре дорем, мисли мубориза бо терроризм.
Ҳамзамон вазири дифоъи Олмон таъкид бар он дошт, ки Аврупо бо Русия бояд сари масъала фикр кунанд ва дар робита ба буҳрони Украина низ музокиротҳои судбахшро анҷом диҳанд.