Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди харидуфурӯши одамон зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи ҷумҳурӣ зимни муҳокимаи масъалаи мазкур гуфт, ки Созишнома бо мақсади ҷилавгирӣ аз харидуфурӯши одамон, хусусан занону кӯдакон ва таъмини ҷазо барои ҷинояткорон бо мақсади ташкил намудани механизмҳои пурсамари ҳамкориҳои мубориза бар зидди харидуфурӯш дар шаҳри Санкт- Петербурги Русия ба имзо расонида шудааст. Рамазон Раҳимов таъкид кардааст, ки ҷиноятҳои марбут ба харидуфурӯши одамон аксар кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба масъалаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангин, ки ҷинояти махсусан вазнин маҳсуб мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус медиҳад. Вазири корҳои дохилаи ҷумҳурӣ афзуд, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, харидуфурӯши одамон дар ҷомеъа, хусусан қочоқи духтарон ба кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсусан ҷинояткор ҷой дорад. Вобаста ба чораҳои амалинамудаи ВКД бархе аз гурӯҳҳои ҷиноиро, ки ба харидуфурӯши одамон машғуланд дастгир шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Доир ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат таъкид кард, ки ин масъала бо роҳҳои фиреб аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ҷинояткор ба кишварҳои хориҷӣ, хусусан Аморати Муттаҳидаи Араб бурдани духтарон ба шаъну шарафи миллати мо иснод меорад.
Баъд аз тасдиқи санади мазкур Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи кишвар ба хабарнигорон гуфт, ки дар аксар маврид шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор, асосан ба кишварҳои назири Русия, Қазоқистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон ва Афғонистон интиқол дода мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар соли сипаришуда 100 далели харидуфурӯши одамон ба хориҷа ба қайд гирифта шудааст.