Categories СИЁСАТ

Офарин, Ҳумайро!

nahzat.tj

Хонандаи азиз, фарқи ҳадафҳои ин ду ҳизбро ёбед:

“Ҳадафҳои асосии ҲИИТ

Мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.

Ҳадафҳои асосии ҲАТ

Мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.”


“Азия Плюс” мақолае бо номи “А. Қаюмзод. “Мекӯшам, дар “Озодӣ” бимонам” ба табъ расонида, як ғайрате зоҳир кардааст, то ки сабаби дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабти ном нашудани эшонро рӯи об барорад. Қаюмзод мегӯяд: “Боре сардори шуъбаи иттилооти ВКХ Давлат Назрӣ (замоне яке аз фаъолони демократия дар Тоҷикистон буд – идора) гуфт, ки проблемаи ман баста Кумитаи амният аст ва ин ниҳод намехоҳад, ки маро вазорат сабти ном кунад. Ман 22 декабр ба қабули Саймуддин Ятимов, Раиси КАМТ рафтам. Ӯ аз мусоҳибаи ман бо Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров изҳори норизоият кард, вале гуфт, ки КАМТ ба масъалаи ман рабте надорад. Боз назди Назрӣ омадам ва ӯ бо табассум гуфт: “Ана, дидед, чунин шуд, ба шумо аккредитатсия намедиҳанд…”

Дар асл худи Абдуқаюм нағз медонад, ки ӯро барои мусоҳибаҳояш бо собиқ ҷонибдорони давлат, ки имрӯз бо сиёсати он розӣ нестанд, дар ВКХ ба қайд намегиранд.

Наход давлатдорӣ чунин бошад, ки ба як нафар ҷавоби равшан дода нашавад, ки чаро номнавис намекунанд.

Сабти номи Абдуқаюми Қаюмзод мисли пайдо кардани соҳиби IRS шудааст; бисёриҳо медонанд, ки кӣ соҳиби он аст, лекин ҳеҷ кас намедонад, ки соҳиби ин ширкат кист!

Ба давоми ин гуфтаҳо “Фараж” дар мақолаи “Қаюмзод номзади кист?” менависад: Яке аз тахминҳое, ки чун сабаби нагирифтани иҷозатнома зада мешавад, зиёд суҳбат кардани Қаюмзод бо роҳбарияти ҲНИТ аст. Чун ҲНИТ дар мавриди номзади хеш то ҳанӯз об дар даҳон дорад, аз Қаюмзод дастгирӣ кардани ин ҳизб ҷойи тааҷҷуб надорад.”

Хурсандиовар аст, ки дар навиштаҳои журналистон вақтҳои охир таҳлилҳои хуб, санаду арқом ва бозёфтҳои аҷоибу хонданӣ меафзоянд. Исботи ин гуфта мақолаи “Асрори ҷаҳиши Қароқулов ва Бобоев” аз Ҳумайрои Бахтиёр аст дар “Озодагон”.

Муаллиф тору пуди ду ҳизби кисагии Ҳукумат: Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистонро як – як кушодааст ва аз бозёфтҳои муаллиф чунин хулоса мебароред, ки ин аҳзоби дугоник дар як шикам парвариш ёфта, таваллуд шудаанд. Ва пас аз мутолиаи ин навишта ягон хел шакку шубҳае намемонад, ки муаллифи оинномаҳо аз ин ҳизбҳо нестанд. Акнун ду ё се иқтибос аз оинномаи онҳо:

1.1. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (минбаъд ҲИИТ), созмони сиёсӣ буда, шаҳрвандони ҳамақидаро ихтиёрона муттаҳид месозад.

1.1 Ҳизби аграрии Тоҷикистон (минбаъд ҲАТ), созмони сиёсӣ буда, шаҳрвандони ҳамақидаро ихтиёрона муттаҳид месозад.

Дувум айният боз ҳам аҷибтар аст!

Ҳарчанд ин аҳзоб номҳои гуногун доранд, маълум мешавад, ки як мақсад доштаанд: ҷалби маблағгузорӣ ба соҳаи аграрӣ!

Ҳадафҳои асосии ҲИИТ

Мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.

Ҳадафҳои асосии ҲАТ

Мусоидати ҳамаҷониба ба ворид намудани инвеститсияҳо, техника ва технологияи пешқадам ба соҳаи аграрӣ.

Кас мехоҳад, нидо занад, ки шарм намедоред бо ин фиреби мардум ва фиреби худатон!

Чи тавре мегӯянд, фарқи ин ду ҳизбро ёбед!

“Чархи гардун” вокуниши Абдуҷаббор Раҳмоновро ба навиштаҳои хеле зиёд дар атрофи рухсати донишҷӯён ба дарс бо пошнаи баланд то 10 см таҳти унвони “ВАО чеҳраи маро ҳамеша бадхоҳи дини ислом ҷилва менамоянд…” чоп кардааст ва маълум аст, ки ба академик сухан таъсир расонидааст, зеро махсусан дар назарҳо ё кооментҳо оҳанги масхараи Раҳмонов низ мушоҳида мешуд.

Ректори ДДОТ менависад: “Дар матбуоти даврӣ доир ба ин мавзуъ суханҳое нашр мешаванд, ки низоъангезанд. Эҳтироми арзишҳои дини мубини Ислом ва пок нигоҳ доштани он барои Раҳмонов чизи бегона нест, аммо Раҳмонов хурофотпарастиро ҳамеша муҳокима мекунад.”

Чи суханҳои хушоянд ва пазиро. Вале, устоди гиромӣ, ба Раҳмонов расонед, ки мутаассифона, эшон то ба ҳол фарқи хурофот ва арзишҳои исломиро рушан барои худ ҷудо накардаанд. Зеро ҳиҷоб яке аз арзишҳои исломист, на хурофот.

Вақте Раҳмонов хоҳари ҳиҷобдорро ба маймун монанд мекунад, шукр кунад, ки расонаҳо чунин монандиро баръакс нисбат надодаанд.

Чунин суханро на одами оддӣ, балки Академик ва Вазир Раҳмонов талаффуз карда буд!

Бубинед, баъди Раҳмонов Нуриддин Саидов ягон бор ба таври иҷтимоӣ ба муқобили ҳиҷоб ҷанг эълон накардааст.

Ва ин бохти охирини Раҳмонов ба як рӯзноманигори оддӣ, дар қазияи муроҷиат ба ниҳоди қудратии ректор гувоҳи он аст, ки аз қонунгузорӣ ҳам Раҳмонов хуб огоҳ набудаанд.

Аслан, роҳбарони боандеша ҳатто ҳақ бошанд ҳам, гоҳе бо рӯзноманигор сар ба сар намешаванд. Оҳирин вокуниши вазири маориф Саидовро газетаи “СССР” чунин сутудааст, ки мо ҳам ҳамфикрем: “Нуриддин Саидов 1 иқдоми басе ҷавонмардона кард. Ӯ аз 4 донишҷӯйе, ки баъди задухӯрд дар майдони футбол ба 20 туркман аз Донишгоҳи Астархан хориҷ шудаанд, садо баланд кард! Браво Саидов!!! Зеро ҳич касе аз вазири маориф нахоста буд, ки ин 4 донишҷӯро пуштибонӣ кунад.”

“Нигоҳ” суҳбати виртуалӣ барпо карда бо коргардони маъруфи тоҷик Барзуи Абдураззоқ, ки имрӯзҳо ӯро метавонист “Виҷдони миллат” номид. Дар посух ба яке аз суолҳо коргардон чунин гуфта: “Ҷанобон, ба атроф назар кунед ва худ хулоса кунед. Ба дониши ректорон, ҳуқуқшиносон ва сиёсатмадоронатон аҳамият диҳед, шумо мефаҳмед дар бораи хомӯшии зиёиён. Мо дар кишвари худ дар тарс ва ноумедӣ зиндагӣ дорем. Мо кӯдаку оила дорем. Мо аз онҳо хавотирем. Кодҳои генетикии мо тағйир хӯрданд, хусусияти миллии мо дар 20 соли ахир заиф шуданд. Мо бо ВИЧ-и тарсуӣ ва ноумедӣ гирифторем.”

Сафар Сафаров, муовини раиси ҲХДТ, дар посух ба пурсиши “Азия плюс” “Фаъолияти Президент: масбат ё манфиаш зиёд аст?” таъкид дорад, ки “дар ҳафт соли охир моҳонаи миёна 30 баробар афзудааст.” Ростӣ, ман ба ин гуфта сахт шубҳа дорам, зеро агар ҳафт сол пеш моҳонаи миёна 100 сомонӣ бошад, пас онро ба 30 зарб занем, он ба 3000 баробар мешавад. Яъне, агар ҳафт сол пеш маъоши миёна 20 сомонӣ бошад, он гоҳ имрӯз он бояд 600 сомонӣ бошад!

Меҳр Собириён аз “Миллат” дар мақолаи “Чаро камбағалем?” менигорад, ки “аз рӯи ченакҳои Бонки Ҷаҳонӣ агар мизони даромади шахс аз 2.15 доллар (10.42 сомонӣ) дар як рӯз камтар бошад, фақир ҳисоб мешавад. Аз рӯи ин гузориши СММ даромади 47% аҳолии Тоҷикистон камтар аз 2.15 доллар аст ва онҳо фақир маҳсуб мешаванд… Ҳамин тариқ Тоҷикистон ва Қирғизистон фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ шинохта шудаанд.”

Агар ба гуфтаи Сафаров баргардему онро ба навиштаи Собириён муқоиса кунем, боз шубҳа ба 30 баробар зиёд шудани моҳонаи миёна меафзояд.

Чун анъана бо лутфе шарҳи ҳафтаро ба итмом мерасонем.

То ҳафтаи оянда дар паноҳи Аллоҳи Бузург бимонед!

Мурғ се пой дорад

Сурхак рӯзномаашро ба падараш дароз карда, худро таъриф кард:

– Дада, ман аз биология “панҷ” гирифтам.

– Наход? О писарам, ту фақат “ду” мегирифтӣ. Чи саволи осон дод муаллим?

– Не, савол мушкил буд. Муллим пурсид, ки мурғ чанд пой дорад, гуфтам, ки се пой дорад…

– Бачам, ист, чӣ тавр мурғ се пой доштаасту боз ба ту баҳои аъло гузошт?

– Охир, як ҳамсинфам гуфт, ки мурғ панҷ пой, дигараш як пой дорад гуфт. Ман гуфтам, ки се пой дорад. Муаллим гуфт, ки хайрият як Сурхак медонистааст, ки мурғ се пой дорад…

More From Author

You May Also Like